Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дарахти сафедор

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл аз номаш маълум аст, ки калимаи сафеддор, яъне аз сафеддарахт будан дарак медиҳад. Бояд гуфт, ки қариб дар тамоми гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон дарахти сафеддорро дидан мумкин аст.

Бахусус, дар кишвари Русия дарахти сафеддорро барои кабудизоркунии шаҳрҳо  васеъ истифода мебаранд. Маъмулан,  дар боғҳои фарҳангӣ, хиёбонҳо, гулгашту роҳравҳои канори кӯчаҳо ва соҳилҳои дарёҳо мерӯяд. Одатан дарахти сафеддор баъд аз 10 соли шинонидан мешукуфад, ки баландии он вобаста  ба намудҳояш то 30-метр қад мекашад, ки дорои системаи пурқудрати реша дорад  ва  зиёда аз 80-сол умри тӯлонӣ мебинад.

Хотиррасон намуд, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе бахшида бо фарорасии фасли баҳор ва оғози мавсими кишту кор дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят,  ярмарка- фурушӣ ниҳолҳою растаниҳо баргузор мегардад. Аз ин маърака- чорабинии фурӯши ниҳолҳо аз ҷониби масъулин барои кабудизоркунии муҳити зисти боғи фарҳангӣ,  дарахтони сафеддор ва гулу гулбуттаҳо харидорӣ карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи нақша- чорабинии ҳар ҳафта рӯзи шанбе, барои  ободу тоза нигоҳ доштани боғи истироҳатӣ, ҳашари дастҷамъона баргузор мегардад. Аз фурсати қулай истифода бурда, кормандон дар қатори дигар дарахтони ороишӣ, дарахти навхаридоршудаи сафеддорро, ки зиёда аз 40 бех шинониданд, ки ҳусни боғро дигаргун кард.

Ҳамзамон, гуфт ки дарахти сафеддор дарахти тавоноест, ки бо гуногунрангӣ  дар қатори дигар дарахтони ҳамешасабз ва бо насими форами шилддироси баргҳои оҳангнавозаш муҳити зисти боғи фарҳангиро  ҳаловати тозае хоҳад бахшид.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДарахти сафедор
Scroll to Top