Дар асл, агар ба табиат назар афканем, албатта ҳама гулҳо тароватбахш, лек гули садбарги сафед хело зебо ва хушрӯй ба чашм мерасад.Бояд гуфт, ки навъҳои гуногуни гулҳои садбарг дар тӯли асрҳо дар натиҷаи гардолудонӣ, интихобу пайванди намудҳои гули садбарги худрӯй ба вуҷуд омадааст. Ҳоло бошад, гулҳои садбаргпарварӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон тараққӣ кардааст, ки дар табиат бисёр навъҳои бешумори гулҳо паҳн гардиданд. Ҳар кадоми онҳо бо рангу бӯй ва ҳусну намуди зоҳириашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Умуман гулҳо сифатан нозук, равшан, дилрабо ва нафис мешаванд. Ба ин хотир, кас ба гулбоғҳое, ки чаман- чаман гул шинонида шуданд, нигоҳ кунад тамоми ташвишҳои зиндагиро фаромӯш хоҳад кард.Зеро қувваи ҷозиба ва нерӯи аҷибе дар наҳкату таровати гулҳо пинҳон аст.
Ба ин хотир, имрӯзҳо боғбонони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бо омадани фасли баҳор мавсими кишту кор ва муждаи пайки Наврӯзи оламгир хело серкор ҳастанд. Бо бедоршавии табиат шинонидани дарахтони ҳамешасабз, шохбурӣ ба шаклдарории дарахтон, гулу гулбуттаҳо ва нарму обмонӣ бо маром идома дорад. Дар ин раванди ободонӣ аз ҷониби боғбонони муассиса, ки қаблан дар гармхонаи сунъӣ қаламчаҳои гули садбарги сафедро парвариш намуданд, айни замон, зиёда аз 2500 бех гулҳои садбарг дар тамоми ҳудуди боғи фароғатӣ шинонида шуданд, ки накҳати гули садбарги сафед бо тароваташ табиатро боз дигаргун хоҳад кард.
Ҳамзамон дар гузашта, гузаштагон на танҳо боғу гулгашт ва хиёбонҳоро, балки манзилу хонаашонро бо гулу гулбуттаҳо оро медоданд. Зеро, ки парвариши гулу растаниҳо бо нигоҳ кардан, тамошо ва сайру гашт ба равону тандурустии инсон таъсири хело калон мебахшад.
Дигаре бошад, гулҳо рамзи ба худ хос доранд, ки дар фарҳангӣ Шарқ омӯзиши забони рамзии онҳо аз асри XV оғоз ёфта, рафта-рафта дар тамоми мамлакатҳои Аврупо паҳн шудааст. Ҳоло ҳам гули садбарги сурх - нишонаи ишқи самимӣ ба шумор рафта ва дастагул бошад, таровати нишонаи изҳори меҳру муҳаббатро дорад.
Пас, биёед бо самимият дастагулро ба якдигар ҳадя кунем ва гулҳои садбарги сафеди баҳориро ба даст гирифта аз накҳату тароваташ лаззат бубарем.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”