Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рахти хоби кӯдакон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бале, гаҳвора- ҷойгоҳи махсуси кӯдак, ки дар он тифлро баъди 7-10 рӯзагӣ баста барои хобонидан мебанданд. Ҳунармандони мардумӣ гаҳвораро аз чӯби бед, чормағз, зардолу ва пояшро бештар аз чӯби тут месозанд. Маъмулан, дарозии гаҳвора 1-1,5м, бараш аз 50-60см ва баландиаш зиёда аз 60см мешавад. Инчунин, даставу чанбарҳо ва қасқони гаҳвораро наққошиву кандакорӣ мекунанд, барои бозии кӯдак дар ҷо-ҷойи даста ҳар гуна марҷону занғӯлаҳо меовезанд. Болои гаҳвораро бо гаҳворапӯш, ки бо шакли махсус дӯхташуда аз қисматҳои болоиву поинӣ иборат аст дар ҳолати хобравӣ мепӯшанд.

Гаҳвора аз қадимулайём дар байни мардуми Осиёи Марказӣ, Шарқи наздик ва Миёна, Ҳиндустон маъмул аст. Бо мурури замон, ҳоло шакли нави гаҳвораи бо пойҳои ғилдиракдор ихтироъ шудааст, ки боалвончак шабоҳат дорад, бо такон муддате алвонҷ хӯрда кори модарро то андаке осон мегардонад. Гуфтан ба маврид аст, ки дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, навъҳои гуногуни гаҳвора бо тарзи замонавӣ ба фурӯш бароварда мешавад, ки маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ мебошанд. Устоҳои гаҳворасоз қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар кору фаъолият мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки чунин намуди гаҳвора, дар хонақоҳи рамзии Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Бояд гуфт, ки гаҳвора то ба по хестан ҳамчун ҷойгоҳи махсуси кӯдак ва сарпаноҳи ӯ ба ҳисоб меравад ва меҳру муҳаббати беандозаи  падару модарон нисбати  кӯдакон, ки давомдиҳандаи насли ояндаи миллат мебошанд, шаҳодат медиҳад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРахти хоби кӯдакон
Scroll to Top