Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Саид Шарифович Марофиев

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 Саид Шарифович Марофиев

(1938 - 2016)

    Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо андӯҳи гарон иттилоъ медиҳад, ки дили шаҳрванди фахрии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Шаҳристон, омӯзгори соҳибмактаб, олими бостоншинос, профессори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Саид Шарифович Марофиев, ки номи некашон ҷовидона дар дилҳо сабт гардидааст, аз таппиш бозмонд.

Ҳоҷӣ Саидҷон Марофиев мутахаллис ба «Мерос» аз соли 1955 иштирокчии Экспедитсияҳои саҳроиву ҳафриётии археологии Тоҷикистони Шимолии Институти таърих, археология ва этнографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар омӯзиши археологӣ – таърихӣ ва фарҳангии объектҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд буда, дар ҳафриётҳои археологии Қалъаи Қаҳқаҳа, Чилҳуҷра, Ӯртақӯрғон, комплекси деҳкадаи кӯҳии асримиёнагии Хонайлови дараи Оқтангӣ, Қалъаи сар (ноҳияи Шаҳристон), омӯзиши таърихӣ-археологӣ-фортефикатсионии куҳандизи Хуҷанд, омӯзиши археологии шаҳрҳои бостонии Конибодом, Истаравшан, Исфара  саҳми худро гузоштаанд.

Саид Марофиев муаллифи кашфиёти археологии Дорулшифои таърихии шаҳри  Хуҷанд буда, муҳаққиқи археологии Қалъаи Хитойреза (ноҳияи Ҷ.Расулов), тадқиқотгари археологии осори моддии қасри ҳокимони асри ХVII-XIX дар Муғтеппа ва деворҳои атрофи он, бинои масҷиди таърихии дар он ҷо буда, тадқиқотгари эҳёи меҳроби таърихии асри  XI- и Ашт буданд.

С.Марофиев якчанд пешниҳодҳоро оиди эҳё ва бунёд намудани ёдгориҳои таърихӣ манзури мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо намудааст: ба вуҷуд овардани образи қаҳрамони халқӣ Спитамен ва гузоштани ҳайкали ӯ дар маркази ноҳияи Спитамен (июн – сентябри соли 2011), образи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалики ҷасур ва ҳайкали ӯ, ки дар осорхонаи таърихии вилоятӣ гузошта шудааст, муайянкунандаи ҷои ҳайкалгузорӣ ба Асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд (соли 2008, ба ифтихори 1150-солагии ин шоири бузург).

Он кас мушовири илмӣ ва муаллифи таҳия, таъминкунандаи маводи 10 деворнигораҳои мавзӯии майдони Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд – «Аз Ориён то Сосон – аз Сосон то Сомон ва аз Сомон то моён» ҳам буданд (соли 2011).

Саид Марофиев дар тартибдиҳии экспозитсияҳои осорхонаи археологӣ ва фортификатсионии Хуҷанд маслиҳатҳо дода, худ дар таҳияи онҳо иштирок карда буд. Ӯ дар таҳияи нақшаи мавзӯъӣ-экспозитсионии осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров (ш.Ғафуров соли 1998, ба муносибати 100 – солагии таваллуди олим) ва мактаб гимназияи №24, ба номи академик Б.Ғафурови ш.Хуҷанд, осорхонаи ду карат қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Абдуғафур Самадов (ноҳияи Ҷ.Расулов,с.1999) саҳми босазо гузошта, нақшаи мавзӯии экспозитсионии осорхонаи таърихии вилояти Суғдро таҳрир намудааст. Солҳои 2001, 2002 ба муносибати 2500 – солагии шаҳри Истаравшан экспозитсияҳои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии онро аз сари нав таҳия намудааст. Ӯ асосгузори осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии факултаи таърих-ҳуқуқи ДДХ низ буд.

С.Марофиев – асосгузор ва сардори Экспедитсияи саҳроии байналмиллалии илмӣ-фарҳангӣ-бостоншиносии муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – ДДХ «Мерос» (соли 1997) буд. Ин Экспедитсия дар қаламрави вилоят дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшану Исфара корҳои археологӣ бурдааст.

Дар ДДХ бостоншинос С.Марофиев асосгузори «Хизмати археологӣ» ҳам маҳсуб меёфт, ки дар объектҳои сохтмонии шаҳри Хуҷанд «Назорати археологӣ» мебурданд.

Бо таклифу пешниҳодоти хаттии С.Марофиев чанд ҷашнҳои арбобони илму санъату адаб, ба монанди Содирхон Ҳофиз, Файёз низ гузаронида шудаанд (соли 1987, 140-солагии ҷашнҳо). Он кас асосгузор, муаллиф ва барандаи барномаи илмӣ-фарҳангӣ-тарбиявии ТВ Суғд – «Мерос» ва муаллиф- барандаи барномаи «Шаҳри ман» дар шабакаҳои телевизионии «СМ-1», «Азия», «Ҷаҳоннамо» ва гуфторҳои дигари  телевизионӣ буданд.

С.Марофиев роҳбаладу тафсирдиҳандаи илмии меҳмонони ватаниву хориҷӣ ҳангоми зиёрати онҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб мерафтанд. Эшон маърӯзачии илмии чанд конфронсҳо ва ҳамоишҳои байналмиллалӣ, регионалӣ ва ҷумҳурияиву вилоятӣ ва муаллифи қариб 400 рисолаҳову мақолаҳои илмӣ, таърихӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва оммавӣ буданд.

Профессор С.Марфиев тарғиботчии фаъоли ҳукуматӣ буда, дар чорабиниҳои гуногуни он ширкат менамуданд. Ғайр аз он вазифаҳои ҷамъиятии раиси Шӯрои ветеранҳову собиқадорони факултаи таърих-ҳуқуқи ДДХ, узви комиссияҳои номгузории вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, комиссияи меъмориву шаҳрсозии вилояту шаҳри Хуҷандро низ бар ӯҳда доштанд.

Саид Шарифович Марофиев солҳои 1972-1982 сарварии Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Ленинободро бар ӯҳда доштанд ва алҳол аъзои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд буданд ва дар амалӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии ворид намудани иловаҳо ба экспозитсияи намоишии осорхона маслиҳатҳои пурарзиш медоданд.   

                       Ёдашон ба хайр ва манзили охираташон обод бод!!!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСаид Шарифович Марофиев
Scroll to Top