Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми шариф ва кулли афсарону сарбозони кишвари Тоҷикистонро бо фарорасии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод гуфта ба Шумоён дар ин рӯзи пурифтихор тинҷиву оромӣ рӯзгори фаровону сарбаландиҳою пирӯзиҳо таманно дорем. Бояд гуфт, ки Артиши миллӣ дар ҳар давру замон чун кафолати зиндагии осоишта ва пурфароғатии ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Бигзор, Артиши миллии ватани азизамон артиши сулҳ бошад ва ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон боқӣ бимонад!
Ид муборак ҳамватанони азиз!