Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Артиш - мактаби ҷасорат ( Бахшида ба Артиши миллӣ)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид  менамоянд: “Хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву маҳанпарастӣ мебошад.Вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки сулҳу пойдор, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем!”

Бале, сию як сол пеш  дар осмони кишвари маҳбуби Тоҷикистони азизамонро абрҳои тираи дилгиркунанда фаро гирифта буд, ки айёми таъсисёбии артиши миллӣ буд. Хушбахтона, таърихи санаи 18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор ба имзо расид.

Бахшида ба ин санаи муқаддас дар кишвари тозаистиқлол, санаи 23-уми феврали соли 1993 нахустин гузаштани  паради ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид , ки ин сана расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Бешубҳа, бунёд ва ба неруи пурқудрати ҳарбӣ табдил додани Артиши миллӣ барои кишвари Тоҷикистон, ки дар марҳилаи гузариш ба низоми нави давлатдорӣ қарор дошт, кори осон набуд. Вале, ба ҳамаи ин мушкилиҳои рушди иқтисодиёт нигоҳ накарда, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи омодабахши ҷангӣ, беҳбудии шароити хизмативу маишӣ, заминаҳои моддӣ- техникӣ ва ҳарбӣ тамоми тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамаи пешравиҳо дар таъсиси Артиши миллӣ асосан баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуъ пайвастанд. Яъне, санаи 19-уми ноябри соли 1992 муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат таъин гардиданд, ки минбаъд роҳи рушду тараққиёт ва сохти давлатдории Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон карданд, ки он роҳи саодати миллати тоҷик ва ободии давлати Тоҷикистон гардид.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Артиши миллии кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои мушкилро тай намуда ба марҳилаи мувофиқ намудани сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмиллалӣ ва минтақавӣ расидааст, ки худ таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол мебошад.

Ҳоло ба роҳи тайнамудаи Артиши миллӣ назар афканда дармеёбем, ки ҷавонони бонангу номус Ватани маҳбубро марзу буми кишварро дар ҳама вазъу шабонарӯзи чун қуллаҳои баланди кӯҳсорон сарбаландона ҳифз ва посбонӣ менамоянд. Бешак, хизматчиёни ҳарбӣ диловарию қаҳрамонии сарбозони Ватан барои насли ҷавонони имрӯза, чун мактаби ҷасорату мардонагӣ дарси ибратомӯз мебошанд.

Мусаллам аст, ки афсарону сарбозони ҷасури Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизмати софдилонаву оқилона ва бо сифатҳои баланди тактикаи ҳарбӣ баҳри таҳмину таҳкими амнияту суботи сиёсӣ, ҳифзи шукӯҳу азамати давлатдории асил дар як саф қарор доранд.

Мутмаинем, ки афсарону сарбозони содиқи Ватани маҳбуб, минбаъд низ ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллию суботи сиёсии кишвари азиз саҳми шоиста мегузоранд.

Бинобар ин мо шукронаи истиқлол ва шукронаи ин сарзамини тинҷу обод бошем. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар давру замон чун кафолати ороми ва зиндагии пурфароғатӣ ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Бигзор, ҳамеша дар осмони софи беғубори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, партави  нури сулҳу ваҳдати зиёи хуршеди тобон нурафшон бошад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАртиш - мактаби ҷасорат ( Бахшида ба Артиши миллӣ)
Scroll to Top