Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хотироти нек

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз як гурӯҳ меҳмонон, олимон, устодон ва мутахассисони мардумшинос аз Академияи улуми фанҳои донишгоҳи олии этногарфии шаҳри Москваи Федератсияи Русия аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

Меҳмононро дар толори бошукӯҳи осорхонаи таърихӣ, Омири кулли муассиса Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд.

Сипас, роҳбалади дараҷаи олӣ Мирзоева Иноятхон гурӯҳи меҳмоноро сайрӣ илмӣ гузаронида аз таърих ва тамаддуни  қадимаи ниёгони халқи тоҷик аз наздик ошно намуд. Сайрӣ осорхона аз дидани толорҳои намоишии шуъбаҳои таърихи асрҳои миёна, бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои истиқлолият дар соҳаҳои мухталиф шинос гардиданд. Меҳмонон аз  боздиди  толорҳои намоишии осорхона изҳори хушҳолӣ намуда, дар китоби мулоҳизоти “Меҳмонони фахрӣ” таассуроти хешро соядаст намуда чунин иброз намуданд:

   “ Бо як эҳтироми сипос ба ҳайати кормандони осорхонаи таърихӣ бо дарки эҳсосоти баланди касбӣ барои гузаронидани сайри илмӣ ба роҳбалад Мирзоева Иноят миннадори баён менамоем. Орзумандем ба сарварони осорхона ва кормандон, ки донишу малакаи худро ба насли ояндаи миллати халқи тоҷик расонида истоданд.

Бо эҳтироми хоса, гурӯҳи намояндагони Донишгоҳи мардумшиноси академияи улуми Русия.

Ҳамин гуна бо гузашти замон, меҳмонону сайёҳони дуру наздик аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дидан мекунанд, ки  аҳаммияти таърихӣ дорад ва ҳамқадам бо замони муосир фаъолият мебаранд. Чунки таҳвили чунин ёдгориҳои таърихӣ ба наслҳои оянда, халқу давлат ва бародардӯстиро мустаҳкам мекунад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОХотироти нек
Scroll to Top