Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Артиши миллӣ - рамзи саодатмандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини Истиқлолияти давлатӣ, сипари боэътимоди кишвар, обрӯву нуфузи давлат, ҳимоятгари зиндагии осоиштаи мардум ва амнияту суботи ҷомеа ба шумор меравад. Артиш дар тамоми таърихи инсоният барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот, амнияту бехатарии давлвту шаҳрвандон нерӯи боэътимод буда, имрӯз низ ин нақши худро гум накардааст.

Ватандорӣ як рукни ҳастии миллат ва неъмати бузургу бебаҳо аст. Волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.

Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд амиқан дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.

Мардуми тоҷик дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиву муҳофизони худро мебинанд ва бо такя ба ин нерӯи содиқ ба Ватану миллат раванди бунёдкориву созандагии сарзамини аҷдодиамонро вусъат бахшида истодаанд. Зеро баракати зиндагӣ ва осудагии рӯзгори мардум маҳз аз тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот вобаста мебошад.

Маҳз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Аз ин хотир дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии  “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”   вохӯрӣ бо афсарону сарбозон  бахшида ба  Рӯзи Артиши миллӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – рамзи саодатмандӣ”баргузор гардид.

Чорабиниро омири кулли муассиса И. Иброҳимов ифтитоҳ намуданд. Вохӯри бо садо додани  Суруди миллӣ таҳти навои оркестри нафасии қисми ҳарбии 3501 оғоз гардид.

Дар чорабинӣ Усмонова Фароғат- мутахассиси пешбари маркази –илмӣ методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, полковник- Шарифзода Шариф Зариф- муовини командири дивизияи горнизони Суғд,  подполковник - Нурзод Маҳбуб Мелс - муовини сардори ситоди қисми ҳарбии 3501, Мастонзода Исроил Идӣ- майори қисми ҳарбии 3501 ҳамчунин намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, афсарону сарбозони дивизияи горнизони Суғд, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои Дохилии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муассилини гимназияи №4 бо роҳбарии Алиев Қаҳҳорхон – омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ, намояндагони Шӯрои иттифоқи касабаи коркунони фарҳанги вилоят Комилов А. ва маркази илмии Камол,  намояндагони Васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доранд.

Мақсад аз баргузории чорабанӣ тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва дар қалби онҳо бедор намудани ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихор аз таърихи бою куҳани миллати фарҳангофари тоҷик мебошад.

Шарифахон Сайфиева – мудири шуъбаи оммавӣ – фарҳангӣ

ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАртиши миллӣ - рамзи саодатмандӣ
Scroll to Top