Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тозагии муҳити зист

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, кормандон пайваста рӯзҳои шанбе ба маъракаи ҳашар, ҷиҳати ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист, сарсабзу хуррам гардонидани гирду атроф саҳмгузорӣ менамоянд.

Ҳашарчиён дастаҷамъона тамоми дохили майдончаҳо, роҳравҳои гирду атрофи боғи истироҳатӣ аз  ҳамагуна партоваҳо ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд.

Бояд қайд намуд, ки кормандони муассиса бо руҳияи баланд барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳо, тоза намудани гузаргоҳҳои дохилӣ ва гирду атроф , баҳри зебою хуррамгардонии макони истироҳатӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Ҳадаф аз ҳашар - шанбегӣ ин ҳифз намудани муҳити зист ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи гӯшаи ҳамешасабз мебошад. Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда, бо дарки масъулияти баланд бо мақсади ободу зебо ва тозаву озода нигоҳ доштани макони истироҳатӣ  мунтазам ҳар рӯзи шанбе бо иштироки кормандони муассиса ҳашари-шанбегӣ дастаҷамъона гузаронида мешавад.

 Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази

 иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТозагии муҳити зист
Scroll to Top