Агар ба фарҳангӣ тафсири забони тоҷикӣ назар афканем, маънои калимаи “Тарозу” асбоби баркашидани чизҳо, мизон, василаест, ки бо он ҷисмҳоро ва ё ҳар навъи борро бар мекашанд, яъне олот барои андозагирии вазни ҷисмҳоро ифода мекунад.
Бояд зикр намуд, ки мутобиқи маълумоти маъхазҳои бостонӣ тарозу ҳанӯз аз замонҳои қадим маълум ва далели он дар ашъорҳои безаволи Абурайҳони Берунӣ, Хоразмӣ ва дигарон аз тарозу ёд шудааст. Ба монанди тарозуи мисқолӣ, тарозуе, ки бо он чизҳои камвазни гаронқадрро месанҷанд. Агар ба фарҳанг рӯ оварем, калимаи “Мисқол” аз забони арабӣ гирифта шуда, воҳиди вазни чизҳои майда, ки асосан ба 4,68 гр ҳисоб карда мешавад, ифода мекунад.
Дигаре бошад, тарозуро мизони динӣ ҳам мегӯянд, тарозуи мафҳуме, ки бо он тибқи ривоятҳои динӣ рӯзи қиёмат савобу гуноҳи мардумро бармекашанд. Минҷумла, дар Қуръони маҷид низ мизон ба маънои абзори санҷиши вазн ва инчунин ба мафҳуми василаи барпо доштани адл ба адолат хиёнат накардан дар тарозу ишораҳо шудааст. Агар дар замонҳои пеш назар афканем, дар бозору растаҳои баққолӣ тарозуи дастии палладор истифода бурда мешуданд, ки дар як паллаш санги тарозу ва вазни баркашидани чизҳоро мусавӣ мекарданд. Яъне байни мардуми ом ҳам тарозу рамзи адолат, инсоф ва аз тарозу задан, кам баркашидан, харидорро фиреб додан коргузорӣ карда мешуданд. Дар тамоми давру замон назорат ба тарозу ва мамоният аз камбаркашидан асоси коргузории давлат буд, ки то имрӯз муассисаҳои назоратӣ вуҷуд доранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тарозуи палладор дар гузашта миёни мардуми тоҷикон маъруф буд, ки дар хариду фурӯш истифода мебурданд. Чунин намуди тарозу палладор, тааллақ ба асри XIX , бо қайди аломати моликият ( таҳти № 5084) дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Ин намуди тарозуи палладор аз фузул сохта шуда аз се ҷояш сӯрохи дорад ва ба ҳар сӯрохичаҳо занҷир гузаронида шуда, қисмати дигари он ба дасткаш пайваст гардидааст. Дастаи тарозу аз чӯб сохта шуда дар марказаш сӯрохи дорад, ки аз он ресмон гузаронида барои баркашидани чизе тарозуро овехта мемонанд.
Имрӯзҳо маъмулан бо пешрафти технологияи замони муосир дастгоҳҳои тарозуҳои гуногунҳаҷм дар соҳаҳои мухталиф ба истифода дода шуданд. Ба монанди тарозуҳои электронӣ, лабораторӣ, рӯйи мизӣ, фашангӣ, гидравликӣ, гидростатикӣ ва ғ. Масалан, тарозуи мизӣ то 50 кг, сайёр аз 50 кг то 6тн, стансионарӣ аз 5тн то 200 тн мешаванд. Тарозуҳои электронӣ бошад, ба осони баркашидани вазн, боэътимодӣ ва қобилияти ҳисоби маблағи назардошти нарх ба таври худкор бо тамғакоғазҳо муҷаҳҳаз карда шуданд, ҳисоб мекунад, ки дар аксарияти мағозаҳои умум дидан мумкин аст. Инчунин барои банду баст намудани мол дар бахши саноатӣ ба монанди дорусозӣ васеъ истифода мебаранд, ки ба ҳадди вазнченкуни алоқаманд ҳастанд.
Ё дигаре намудҳои гуногуни чен ва баркашидани махсуси тарозу дар дастгоҳи платформаи махсус баркашидани мошинҳои боркашони калонҳаҷм, ғалладонӣ, пахта ва дигар чизҳои коркарди соҳаи хоҷагӣ дар корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода шуданд.
Албатта, мардум намудҳои гуногуни тарозуро новобаста дар асрҳои гузашта шаклу андозаро насб намуданд, ки то имрӯз ҳар миллату кишвар дар ҳаёти ҳаррӯза сару кор ва истифода мебаранд. ки ченаки тарозу адолати иҷтимоиро пеша мегирад, хизмат намуда истодааст.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”