Шинонидани дарахт на танҳо як амалӣ муҳити зист, балки як роҳи муассир барои тарбия намудани насли оянда мебошад, ки мо бояд дарахт шинонем. Дар асл, дарахтон бузургтарин сарвати бебаҳо мебошанд, ки соя меафкананд ва паррандагон лона мемонанд ва аз масолеҳаш ашёҳои маишӣ-сохмонӣ тайёр мекунанд. Дигаре бошад, дарахтон дар табиат заруранд, зеро онҳо муҳити зистро тоза ва намнок мекунанд, ки зиёда аз нисфи ифлосшавии атмосфераро аз худ намуда ҳавои форам мебахшанд. Аммо дар назари мо чунин метобад ва одат ҳам кардаем, ки дарахтонро чун манзара қабул мекунем. Лек, онҳо ҳаракат намекунанд, дарозумрии онҳо ҳисси доимиро ба вуҷуд меоранд.
Бояд гуфт, ки шинонидани дарахт ин як раванди масъулиянокӣ буда, аз нуқтаи экология ба инсон муҳим аст. Тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ беҳтарин вақт барои шинонидани дарахтон ин фасли тирамоҳ ё зимистон будааст, ки ниҳолҳо то оғози мавсими ояндаи нашъунамо ва имкони ташаккули решаи хуб дошта бошанд. Лек, қайд кардан ба маврид аст, ки ниҳолшинонӣ маънои ба вуҷуд овардани як ҷангалро надорад.
Қобили зикр аст, ки аз фурсати боду ҳаво истифода бурда барои эмин нигоҳ доштани муҳити зист, ҳамасола шинонидани дарахтону гулҳои ороишии рангоранг ва гулбуттаҳои мавсимӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо маром идома дорад. Боғбонон тасмим гирифтанд, ки дар қатори дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва мевадор намуди дарахти нодир бо номи марҷон ё хурӯсак (Эритрина) - 18 бех шинониданд. Аз номаш маълум, ки растанӣ гулҳои шуълавар дорад, ки “эритрина” аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънои сурхиро ифода мекунад ва намуди гулҳояш рангҳои дигар ба монанди норанҷӣ, сафед, зард ва ҳатто сабзранг ҳам мешаванд. Аҷиб он аст, ки шохаҳои хурӯсак, гули марҷонии эритринус тамоми дарахтро дурахшони мепошад. Гулҳояш чунон фаровон ҳастанд, ки мисли борон мечаканд, аз ҳамин сабаб дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ин гиёҳро дарахти ашки кӯдак низ меноманд. Ғайр аз ин вазифаи асосии дарахт ин ороишӣ, чӯбу тахта барои эҳтиёҷоти гуногуни иқтисодӣ низ истифода мешаванд. Решаи дарахт хело мустаҳкам буда дар талу теппаҳо ва дараҳо дар он мавзеъҳое, ки обхезӣ ҳаст, хокашро мустаҳкам мекунад шинонида мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар давлати Аргентина ин дарахт хело маъмул буда, дар боғҳои истироҳатӣ, хиёбонҳо ва майдонҳо шинонида мешаванд, ки ифтихори рамзи миллии кишвар ба ҳисоб меравад. Албатта, шинонидани дарахт нисфи кор бошад, нигоҳ доштани дарахтон аз ҳама муҳимтар аст. Боиси хушнудист, ки чунин намуди дарахти нодир, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ қомат афрӯхта бо гулҳои рангорангаш табиатро зебову хуррам ва дили бинандаро боз мунаввар мегардонад.
Мусаллам аст, ки боғбонон аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои кабудизоркунӣ ва хурраму зебо гардонидани боғи истироҳатӣ, ки дорои нақшҳои гулҳои чаманорои дилкаш ва бо ҳавои тозааш ба руҳияи инсон ҳаловат мебахшад, саҳми хешро гузошта истоданд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”