Ангур - ин як намуди меваи қадимии мардуми тоҷик ба шумор меравад, ки дар ҳар як хонаводаи кишвар дидан мумкин аст. Дар ҳақиқат, Тоҷикистони офтобрӯяро биҳишти рӯи замин меноманд, зеро ки ҳар гулу гиёҳ ва меваю сабзавотҳо дар ин сарзамин мерӯяд, дорои шифобахшӣ доранд. Бахусус истеъмоли ангур бештар хусусияти давобахшӣ дошта ба инсон ҳаловати ташнашиканӣ мебахшад.
Умуман гуфта метавон, ки ангур ҳосили ток буда, имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 75 намуди ангур маъмул аст. Бешак, токро дарахти ангур меноманд, ки дар урфият мегӯянд, “Решаи ток аз давидан соҳиби ангур шуд”. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон шароити табии иқлими кишвар барои вусъат бахшидани ангур мувофиқ буда, дар давраи ҳосилнокии пухта расидани меваҳо дар моҳи август, маҳз дар ҳамин замон таъмӣ ангурҳо ширинтар, хушбӯйтару бомаззаю хӯрданбоб мегарданд.
Қобили зикр аст, ки дар бунёди Чорбоғи токи ангурзори Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки солҳои зиёд ҳосил ба бор меовард, боғбонон заҳмат мекашанд. Лек, имрӯз эҳтиёҷ ба азнавсозӣ дорад, ки иқлими мусоидати мавзеъ имконият медиҳад ва қисмати майдончаи боғи токзорро ба тартиб дароварда аз мавсими қулай истифода бурда нардҳои нави ангури ҳосилхези ҳусайнӣ, тоифӣ, дили кафтар, кишмишӣ аз ҷониби боғбонон шинонида шуданд.
Инчунин, хомток ва нарм намудани замини гирди ток, тоза кардан аз алафҳои бегона тариқи дастаҷамъона бо маром идома дорад. Бояд гуфт, ки ҳамаи нардҳои навъҳои ангури шинонидашуда ҳосилхез буда ба беморӣ пуртоқат мебошанд. Бо сабаби пуртоқат будан токи ангурҳо тез ба ҳосил медароянд. Дар оянда, ки давраи ҳосилчинӣ аз моҳи сентябр то декабр оғоз мегардад, ҳосил ҷамъ кардан мумкин аст. Инчунин афзалияти боғи токи ангурзори Чорбоғи хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дар истифода қадпаст буда, барои сифатнокии ангур ва гузаронидани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосил хело мувофиқат мекунад.
Мақсади асосии боғбонон ин иваз намудани токҳои кӯҳна, навъҳои камҳосилу пастсифат ба навъҳои серҳосил ва хуштамъу хушмазза мебошад. Маҷрои мақсади мазкур тақозо менамояд, ки дар оянда токзорҳои мевадиҳанда ва нардҳои ҳосилхез зиёд ба роҳ монда солҳои зиёд парвариш хоҳад ёфт. Дигаре бошад, барои пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди касалиҳою ҳашаротҳои зараровар аз ҷониби боғбонон корҳои агротехникӣ сари вақт ба анҷом расонида истоданд, ки ҳадафи асосӣ хӯшаҳои ангур пурбор ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву болаззат бошанд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”