Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Косаи чилкалид

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, калимаи “коса” аз забони форсӣ гирифта шуда, маънояш зарфи ҷуқури даҳанфарохи аз пиёла калонтар барои нигоҳ доштан ва андохтани таомҳои гуногун дар рӯзгор истифода бурда мешавад.

Зарфи истифодабарии коса аз давраҳои асри санг маълум буд, ки дар Осиёи Миёна косаҳои сафолини мунаққаши мансуб ба ҳазораи дуюми то мелод ёфт шудааст. Асосан кулолгарон косаҳоро аз лой дастӣ месохтанд, ки нисбатан дағал менамуд. Дар асри биринҷӣ бо пайдоиши чархи кулолгарӣ шакл ва нақшу нигори коса такмил ва косагарӣ ҳамчун ҳунари касбӣ байни мардум ташаккул ёфт. Бояд гуфт, ки вобаста ба масолеҳ косаҳо сафолин, чинӣ, мисин, чӯбин, сирдор, бесир ва ғ. мешаванд, ки чун ашёи рӯзгор мардум то имрӯз исгифода мебаранд.

Қобили зикр аст, ки  намуди зарфи коса бо номи “косаи чилкалид” аз фузули биринҷӣ ( бронза) сохта шуда, ҳаҷмаш хурди мудаввари пиёлашакл, тобиши рангаш зардтобу биринҷиранг, дар дарунаш навиштаҷоти бо калимаи арабӣ- сураи Ихлос аз Қуръони маҷид кандакорӣ шуда, ки  тааллуқ ба асри XIX ( таҳти №3972) , дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, баҳри тамошобинон гузошта шудааст.

Аз ривоятҳо бармеояд, ки дар замонҳои пеш бо урфу одати қадима мардуми Бухорои шариф кӯдаки навзодро то чилрӯзагиаш дасташро аз шиками модар боло бардошта то шумораи чил ба болои ӯ об аз косаи чилкалид доштаро мечакониданд. Дар дигар  ҳолат бошад, модари навзод ҳам қулфи чиҳил калидро чил бор ба об ғӯта мезанонд, ки гӯё бо тарзи шустан ва қатрон намудани оби косаи чилкалид модару кӯдак аз хунукназарӣ халос мехӯрда бошанд. Баъдан ба чилла расидан кӯдакро ба хешовандону наздикони худ муаррифӣ менамуданд.

Чуноне ки дар боло қайд карда шуд, дар дохили даруни коса аз сураҳои мубораки Қуръони карим оятҳо менавиштанд ва ё дар рӯйи коса рамзҳои гуногун ҳаракати чилтанҳоро инъикос мекарданд, ки нишонаи ихлос ба шумор мерафт. Гузашта аз ин мардум чун урфу одат дар  маросимҳои динию тӯйҳои хурсанди дастархони ошии Бибисешанбе мекушоданд ва косаи пурри оби оятнавиштаро рӯйи он мегузоштанд, ки баракоти дастархон зиёда мегардидааст.

Баъди ба итмом расидани маросими хурсанди мардум косаи обро тақсим намуда менӯшиданд, ки гӯё соҳиби савоби зиёд ҳосил шуда бошанд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКосаи чилкалид
Scroll to Top