Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҚАҲРАМОНОНИ АФСОНАВӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, маънои “Афсона” қисса, достон, ҳикоя ва нақл буда, яке аз жанрҳои насрии эҷодиёти шифоҳии халқ, ки асоси онро воқеаю саргузаштҳои бофтаю хаёлиро ташкил медиҳад, ифода ёфтааст.

Бинобар ин афсонаҳои қадим мувофиқи таҳайюлоти оддии одамон дар бораи ҳодисаю воқеаҳои хаёлангез ва дур аз ҳақиқат эҷод шудаанд. Минбаъд, офарандагони тасвирҳои афсонавӣ, рассомон ва ҳайкалтарошон аз ҷиҳати композитсионӣ дар афсонаҳои худ қаҳрамонони меҳнаткаш, адолатпеша,  бовафо, садоқат ва  дигар хислатҳои неки инсониро тараннум месозад, эҷод менамоянд.

Афсонаҳо хотима доранд, ки хотимаи ҳар кадоми онҳо мувофиқи мазмун бо қаҳрамонии  худ андаке тағийр меёбад. Вале аз ҷиҳати хотима, пеш аз ҳама  қаҳрамонони дӯстошта ҳамеша аз болои ҳар гуна амалиётҳо ғалаба мекунад, ки онҳоро ба мақсад мерасонад ва ба олами фикрии кӯдакон таъсир расонида, онҳоро ба зиндагӣ руҳбаланд мегардонад.

Албатта, ҳар яки мо адабиёти афсонавӣ хондаем ё филми тасвирриро тамошо кардаем, ки тасвири  ҳайвонҳои меҳрубону ҷасур ба назар ҳақиқӣ метобад ва бо хислатҳояш ба худ ҷалб мекунад.

Дар даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, гӯшаи ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонавӣ, баҳри тамошобинони наврас гузошта шудааст. Бахусус, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонавии филмҳои тасвирии “Хирс ва Маша”, ”Лаклаки нӯлдароз”, ”Рӯбоҳи маккор”,  “Хоҷа Насриддин Афандӣ” ва ғ. ҷалбкунанда аст. Дар ҳолати дидан бо тобишҳои рангоранг басо дилчаспу бозингар метобанд. Тамошобинони наврас дар ҳолати дидан аз хислатҳои рафтори қаҳрамонони афсонавӣ одил, хирадманд, маккор ва доною маъруф будан, бо тезӣ огоҳӣ пайдо мекунанд.

Воқеан, муносибати кӯдакон бо қаҳрамонони афсонавӣ тавассути филмҳои тасвирӣ бо шинохти ному хислатҳояшон то камолот расидан ба якдигар ривояту афсонаҳо мегӯянд. Бале, ҳикояти қаҳрамонони афсонавӣ як ривояти ҷолибест, ки дар зеҳни дунёи кӯдакон шуҳрат ёфта,  онҳо неку бадро мешиносанд. Имрӯзҳо дар мағозаю китобхонаҳо адабиётҳои зиёде дидан мумкин аст, ки маҳз бо ин қаҳрамонони афсонавӣ дар боғчаю муассисаҳои томактабӣ таълимоти онҳоро ошно мегардонанд.

Мусаллам аст, ки дар баробари шинохту фаҳмиш ва  ҳангоми тавсифи қаҳрамонон шуҷоату далерӣ, ҷасурӣ ва паҳлавонӣ барин хислатҳо пайдо мешаванд, ки афсонаро ба ҳақиқат табдил дода,  орзую мақсадҳои худро дар зиндагӣ  амалӣ мегардонанд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти

МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚАҲРАМОНОНИ АФСОНАВӢ
Scroll to Top