«Манзараҳои Тоҷикистон»
Тибқи нақшаи фаъолияти кории Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар толори намоишии Осорхонаи таърихӣ расми кушоди намоиши асарҳои аксбардор - рассоми маъруф Акмал Усмонов баргузор гардид. Ин намоиш ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида шуда, «Манзараҳои Тоҷикистон» ном дорад ва дар он зиёда аз 52 адад навтарин аксҳои бардоштаи эшон аз табиати дилорои минтақаҳои Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар расми кушоди намоиш худи муаллиф, ки алҳол дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ дорад, иштирок ва суханронӣ намуданд: «Ман тоҷикам ва аз ин фахр мекунам. То метавонам фарҳанги тоҷиконро ба ҷаҳониён нишон медиҳам. Ифтихор менамоям, ки дар чунин ҷои таърихӣ ин намоиш доир гардид. Гарчанде дар шаҳрҳои калонтар ба мисли Москваю Санкт-Петербург чунин намоишгоҳҳо баргузор гардида буд, вале ин бароям хотирмонтар аст, зеро ин ҷо манзили аҷдодони ман аст».
Омири кулли МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳимов И. дар навбати худ қайд намуданд, ки «Мо аз байни асарҳои аксбардор танҳо «Манзараҳои Тоҷикистонро» интихоб намудем ва тавонистем эҷодкорӣ ва нигоҳи муаллифро дар ин самт нишон диҳем».
Дар расми кушоди намоиш Директори Арт - галереяи Сомониён Ғафурҷон Ҷӯраев низ иштирок ва суханронӣ доштанд.
Пас аз оғози ботантанаи намоиш худи муаллиф Акмал Усмонов расмҳоро муаррифӣ намуданд, ки аз ҷониби тамошобинони сершумор хуш қабул гардид.
Ҷоиз ба қайд аст, ки Усмонов Акмал аксбардор – рассоми маъруф, сайёҳи тоҷиктабор аз Федератсияи Русия аст. Ӯ дар ИНТЕР РАО ЕЭС –и Русия фаъолият бурда, яке аз роҳбарони сохтмон ва ба истифодадиҳии НБО «Сангтӯда-1» мебошад. Ба ҳайси директори генералии ширкати «Интерстрой» дар сохтмони НБО «Роғун» фаъолият бурдааст.
Иштирокчӣ ва ғолиби намоишҳои Русияву байналмилалист. Вай дар Намоиши «Дӯстии халқҳо» – 2015 НКХХ, «Москваи ман» - 2015 ва ғайра иштирок кардааст. Ғолиби озмуни суратҳо - The best of Russia - 2015, «Беҳтарин аксҳои Руссия – 2015» мебошад. Дастранҷи заҳматаш аз тарафи ширкатҳои маъруфи ноширии GEO, BBC ва ғайра чоп карда мешаванд.
Акмал Усмонов фарзанди нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Тоҷӣ Усмон аст.