Аз қадимулайём ба ҳамагон маълум аст, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосилғундорӣ, дар мавсими фасли тирамоҳу зимистон давраи яхобмонӣ оғоз мегардад. Мақсади асосии яхобмонӣ ин нигоҳ доштани намии хок дар қабати реша, мубориза бар зидди ҳашарот, касалиҳои зараровар ва аз алафҳои бегона ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки вақт ва меъёри гузаронидани шӯршӯии профилактивӣ, яке аз омилҳои асоси чорабинии яхобмонӣ мебошад, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бомаром идома ёфта истодааст. Боғбонон бо сифат ва самаранок гузаронидани обмонӣ ва аз фурсати қулайи моҳи зимистон дар вақти пасти ҳарорати ҳаво амалӣ карда истоданд.
Қобили қайд аст, ки аксарияти заминҳои обёришавандаи боғи истироҳати ин дарахтони ҳамешасабз, сояафкану мевадор ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ мебошад, ки саривақтӣ қайчӣ карда шуда, тавассути шамоли тундрав захираҳои намакҳо аз сатҳи замин бухор мешаванд, ки ин раванд аз манфиат холӣ нест. Албатта, дар натиҷаи яхобмони шӯраи хок кам шуда, замин хубтар ба худ намӣ мекашад.
Дар асл, боғбонон одатан барои яхобмонӣ атрофи заминҳои нарми набототро бо ҷӯякҳои морпечи сарбаста кашида об мемонанд.
Муссалам аст, ки яхобмонӣ аз манфиат холӣ нест ва имконият медиҳад, ки давраи гулкунии дарахтону гулу гулбуттаҳо аз сардии ногаҳонии баҳорӣ эмин мемонанд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”