Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, санаи 31 - январи соли 2024 дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки меҳмонон ва сокинони мардуми шарифи вилояти Суғд, ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати идона баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда ҳамагонро бо фарорасии ҷашни ниёгон табрику таҳният намуда, доир ба аҳаммият ва эҳёи анъанаҳои аҷдодии миллати тоҷик суханронӣ намуда, баргузории чунин ҳамоишро яке аз дастовардҳои муҳими кишвар ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуданд.
Инчунин, бахшида ба ҷашни Сада дар ҳар гӯшаи идгоҳ аз ноҳияҳои шаҳру вилояти Суғд, баргузории ярмарка намоиши фурӯши ниҳолҳои мевадору ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳои ороишӣ, маҳсулотҳои кишоварзӣ, асбобҳои кишоварзӣ , намоиши тухми зироатӣ ва пухтани таоми миллии оши палов ки ифодагарии ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳунармандон ва дастаҳои фолклории минтақаҳои шаҳру ноҳияҳо дар растаҳо намунаи либосҳои миллӣ ва кадбонувон намунаҳои гуногуни таомҳои миллиро рӯйи дастурхон ороста пешкаши тамошобинон гардониданд. Бояд гуфт, ки дар роҳрави даромадгоҳ ҳамчун рамзи афрӯхтани ғолибияти гармӣ ба сардӣ гулхан афрохта шуданд. Дар бахши фарҳангӣ баҳри болидахотирии меҳмонон барномаи консерти аз ҷониби дастаҳои ҳофизону санъаткорони мумтоз сароида шуданд, ки писанди тамошобинон гардид.
Гуфтан ҷоиз аст, ки аз ҷониби боғдорони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, барои боғи истироҳатӣ гулҳои рангорангӣ ороишии мавсимӣ ва ба Чорбоғи хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ, нардҳои навдаи ангури ҳусайнӣ ва тагобӣ харидорӣ карда шуда шинонида шуданд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”