Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷашни Сада

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Боиси ифтихор ва хушудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои Меҳргон, Сада ва Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълон намуданд, ки бо як шукуҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешаванд.

Воқеан, ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукуҳу манзалати мардумони Осиё ба шумор меравад, ки аз даврони қадим то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму оинҳо, одобу ахлоқи суннатӣ ва бовару эътиқод омада истодааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз манбаъҳои хабари иттилооъ гирифта шуд, ки санаи 6-декабри соли 2023 дар Иҷлосияи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси фарҳангӣ ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Ботсвана баргузор гардида буд, ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон,  боиси хурсандист, ки “Ҷашни Сада” ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии башарият ворид гардид.

Албатта, моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, ки гулхани фурӯзони оташ рамзи ҷашн ба шумор меравад. Сада дар гузашта аз шумораи сад гирифта шудааст, ки дар рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ Баҳман барпо мегардад. Азбаски аз даҳуми моҳи Баҳман то Навз панҷоҳ шабонарӯз аст, ки ин рӯзро Сада меноманд. Бояд гуфт, ки меҳвари асосии он оташ мебошад, ки “Ҷашни оташ” ва “Оташафрӯзӣ” ҳам меноманд. Яъне, оташ дар рӯзгори одамони қадим аҳаммияти бениҳоят бузурге доштааст. Мардум оташро барои рӯшноӣ гармӣ, пухтани ғизо, сӯзонидани нопокиҳо, дур намудани ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ғ. истифода мебурданд. Ба ин хотир тӯли ҳазорсолаҳо арҷгузорӣ ба оташ зиёд гашта он ба василаи эҳтиром табдил ёфтааст.

Одамони ҷамъияти ибтидоӣ афрӯхтани оташро намедонистанд, онҳо дар ғорхою манзилҳояшон оташро эҳтиёт мекарданд.

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар асари безаволи “Шоҳнома” пайдоиши Ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ асосгузори ин ҷашнро Ҳушанг меҳисобид. Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонд ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор мебарояд, дар роҳ мори сиёҳи дароз рӯ ба рӯ мегардад, ки ба одамон ҳамла меоварад. Санги калонеро бардошта ба сӯи мор ҳаво медиҳад ва санг ба санги дигаре бархӯрда шарора меафканад. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба  ҳайрат монда, онро чун шуои фуруғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Падид омад оташ аз он санг боз.

Дигаре бошад, тибқи ривоят Ҳушанг оғозкунандаи чандин пешаву ҳунарҳо мебошад. Пас,  аз истифодаи васеъи оташ дар рӯзгор ҳунарҳои оҳангарӣ, мисгарӣ, кулолгарӣ ва чанде дигар, махсусан сохтани олоти кор, силоҳи шикорию ҷангӣ, зарфҳои фузулӣ ва ғ. рушд карданд.Ҷашни Сада бунёди ҳам табиӣ ва ҳам иҷтимоӣ буда, мардумро аз фароғати зимистон берун оварда ба андешаи мавсими нави киштукорӣ ва боғдорӣ водор мекунад. Инчунин, Ҷашни Сада дар замони Ҳаҳоманишиниҳо, Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта ба дигар кишварҳо бо роҳи муомилоти тиҷорати роҳи абрешим паҳн мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки бо шарофати истиқлоли ба даст омада, дар кишвари Тоҷикистон ҷашни Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро расман ҷашн мегиранд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”   

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶашни Сада
Scroll to Top