Санаи 17-январи соли 2024 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ байни муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд ҷамъбаст гардид.
Бахтиёр Қосимов – Сардори фарҳангӣ вилояти Суғд, барои хизматҳои шоён дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такомули маърифати маънавию фарҳангию таърихии ҷомеа, саҳми назаррас дар тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, нақши созандагӣ дар ҷомеа ва барои иштироки фаъолона байни муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд, аҳли ҷомеаи меҳнатии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”-ро ҳамчун “Муассисаи беҳтарин” бо диплом сарфароз гардонид.