Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди дӯстона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз дар доираи сафари корӣ бо ибтикори бахши сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо роҳбарии муовини Раиси вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон, меҳмонон, рӯзноманигорон, блогерон ва сайёҳон  дар шаҳри Хуҷанд ташриф фармуданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ меҳмонон аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, минҷумла аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғдӣ, Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”дидан намуданд. Ҳайати меҳмононро Омири осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Мансурҷон Бойматов пешвоз ва бо самимияти дӯстона хайра мақдам гуфт. Сипас, роҳбалади дараҷаи олӣ Мирзоева Иноятхон сайри илмӣ гузаронида, аз бозёфтҳои археологӣ ва ашёҳои нодири арзишашон гарон, ки дар толори осорхонаи таърихӣ гузошта шуда буданд, маълумоти мухтасар дод, ки диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Меҳмонон баъди дидан аз ёдгориҳои қадимии осорхонаи таърихӣ, таассуроти хешро ба китоби мулоҳизоти ”Меҳмонони фахрӣ” ёддошт намуданд, аз ҷумла гуфта шудааст:

“Аз номи мардуми ҷонони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ба мардуми кишвари меҳмоннавози вилояти Суғд мерасонам, ки байни ду кишвар ҳамеша дӯстӣ, ҳамкорӣ боқӣ бимонад. Ҳамчунин аз номи рӯзноманигорон, блогерон ва сайёҳон барои иззат ва меҳрубониатон ба кормандони осорхона муваффақиятҳо таманно дорам”.

Аз номи ҷонишини ҳокими вилояти Фарғона

Ахмедов.Х.Р

Бояд, зикр намуд, ки аз номи меҳмонон ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, китоби тозанашр ”Ҳунармандони Узбекистон”, чун рамзи эҳтиром ҳадя карда шуд.

Баъдан, меҳмонон аз Боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ гузар намуда, аз мақбараи рамзии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо арҷгузории эҳтироми дуою фотеҳа зиёрат намуданд.

Сипас, гурӯҳи меҳмонон аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда бо ҳаёту фаъолияти Шайх Камоли Хуҷандӣ аз наздик ошно шуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин хатсайри сайёҳи муаррифии мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд, дар арсаи байналмиллалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон, минҷумла аз  кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки макони сайёҳӣ мебошад, мусоидат хоҳад кард.

Даврон Тошматов - роҳбалади осорхона

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди дӯстона
Scroll to Top