Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таътили хотирмон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола бо фаро расидани давраи таътили зимистона наврасону кӯдакони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба истироҳат ҷалб карда мешаванд. Албатта, ин омил дар ташаккулу пешрафт ва рушди ҷисмониву ақлонии кӯдакон саҳми босазое мегузорад.

Бо назардошти ин ҳадафҳо, ки дар кишвар айёми таътили зимистона эълон гардидааст, ки аз ҷониби омӯзгорону масъулони макотиб дар давраи истироҳат, ки сайри андеша аз ҷойҳои ёдгорию таърихӣ барои аз наздик шинос намуданд, сайру гашт намоянд. Бале, ҳамчун як дарси кушоди назариявӣ барои наврасону кӯдакон, ки ояндаи ҷомеаро ташкил медиҳанд, дониши худро бояд сайқал дод.

Дар ин раванди давраи истироҳати зимистона толибилмон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”дидан намуданд, ки басо таътили хотирмон буд. Наврасону кӯдакон бо амалҳои шӯхии бачагона аз толорҳои осорхонаи таърихӣ ошно гардида аз чеҳраи ҳар яки онҳо болидахотирию хушнудиро эҳсос карда мешуд. Аз ҷониби роҳбаладони осорхона сайри илмӣ гузаронида аз намоиши ашёву нигораҳои қадимаи тамаддуни халқи тоҷик маълумоти бештар дода шуд.

Ҳамзамон, тавре ки масъулини осорхонаи таърихи иттилооъ доданд, дар давоми таътили зимистона наврасону кӯдакони макотибҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Гафуров ва Ҳуҷанд, зиёда аз 1500 нафар дидан намуданд. Ҳамаи ин намоишҳои сайри илмӣ танҳо бо мақсади инкишофи неруи эҷодӣ, аз бар намудани донишҳои иловагӣ ва бо бовари том гуфта метавон, ки наврасону кӯдакон аз фурсат  самаранок истифода бурда, дар фарогирии илму дониш таккони тозае хоханд бахшид.                            

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази

иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаътили хотирмон
Scroll to Top