Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Навид аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар матбааи “Ношир” шумораи навбатии нашрияи илмӣ, маърифатӣ-фарҳангӣ, “Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, таҳти №7, бо силсила мақолаҳои илмии кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба чоп расид.

Қобили зикр аст, ки маҷмаа фарогирии мақолаҳо барои муҳаққиқон, донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи махсус ва олӣ, мухлисони фарҳангу таърихшиносон, осорхонашиносон, бостоншиносон оид ба масоили марбут ба фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик бахшида шудааст. Қайд намуд, ки ахбори мазкур бо қарори Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии”Маҷмааи фарҳангию таърихи”Қалъаи Хуҷанд” рӯи чоп омадааст.

Дар мақолаҳои маҷмааи тозанашр муаллифон масъалаҳои марбут аз фаъолияти МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”, “Инъикоси давлатдории Ҳаҳоманишиниён дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”,”Археологические раскопки древних мусорных ям в худжандской крепости в 2022г.”,  ”Китобҳои Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар Фонди Осорхонаи таърихи вилояти Суғд”,”Хушнависони Мовароуннаҳр”, “Мухтасар дар мавриди пайдоиш ва ташаккули симои зан дар адабиёти куҳани тоҷикӣ”, “Андар маънии як калима дар шеъри Камоли Хуҷандӣ”, “Нусхаҳои хаттии девони Камоли Хуҷандӣ дар китобхонаи Бритониё ва ғ. инъикоси худро ёфтааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки барои ошно гардидани истифодабарандагон бо намунаи ин маҷаллаи тозанашр ба китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, китобхонаи илмии донишгоҳҳои олӣ ва муаллифон тақдим карда шуд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоотӣ МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНавид аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top