Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Орзуи кӯдакон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Зиндагиро бояд бо чашми хирад нигарист. Мафҳуми “кӯдакони имконияташон маҳдуд”, басо мурракаб буда, он бештар ба он кӯдаконе истифода мешавад, ки дар онҳо камбудиҳои руҳию ҷисмонӣ мушоҳида мегардад.    

Бояд гуфт , ки кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои табобати махсуси таълим дар муассисаҳои таҳсилотӣ, бояд бо ҳамсолони солими худ якҷоя таълиму тарбия гиранд, он вақт онҳо таҷрибаи иҷтимоиро аз худ намуда, дар ҷомеа мавқеи худро чун шаҳрванди баробарҳуқуқ ишғол менамоянд.

Аз рӯи дараҷаи иллатнокии кӯдакони имконияташон маҳдуд онҳо ба якчанд гурӯҳҳо тақсим мешаванд; камақл, шунавои суст ё ношунаво,биноиашон суст ё нобино, роҳгаштан мушкил, бемории фалаҷ, норасоии нутқ ва ғ. дида мешаванд. Дар баробари таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд баҳри солимгардонӣ фаъолияти падару модар, муассиссаҳои таълимӣ хело калон мебошад.

Ҳоло бошад, дар тамоми таҳсилоти макотиби умумӣ таълимӣ давраи таътили зимистон эълон гардидааст, ки дастаҷамъона бо сарварии омӯзгорон ба ҷойҳои ёдгориҳои таърихӣ сайру гашт мекунанд.

Қобили зикр аст, ки барои ташаккулёбии минбаъдаи маънавиёти кудакон, дар ҳудуди оила гурӯҳи хурди ҷамъият ба шумор меравад, ки бояд солим тарбият бигиранд. Алҳол, таваллуди кӯдакони иллатдор барои падару модар ғаму ғусса ва руҳафрода мегардонад.

Имрӯзҳо аз боду ҳавои муносиб истифода бурда, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, барои тамошо намудан аз макони фароғатию истироҳатӣ бо ҳамроҳи волидайн, кӯдакони иллатдор бо аробачаи махсус давр мезанонад, ки ба ҷисму руҳи кӯдакон илҳоми тоза мебахшад. Ба хотири бемалол роҳ гаштани аробачаи маъюбӣ роҳравҳои махсуси бемамоният, дар гирду атрофи боғи истироҳатӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Албатта, ҳар як падару модар мехоҳад ҳарчӣ тезтар нуқсони фарзандаш бартараф шавад, ба таълиму тарбия ва инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон кӯшиш мекунанд. Яъне, падару модар дар саргаҳи рушди ҷаҳонбинии кӯдакон қарор доранд, фарзандон дунёро бо чашми дили онҳо мебинанду мешиносанд ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама аз дидгоҳи падару модар муайян мекунанд.

Ҳамзамон, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбия”- гуфта шудааст: “Барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ  ва ахлоқии фарзандон шароит муҳайё намоянд. Зеро ки кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар оила зиндагӣ мекунанд ба дастгирии васеъ ва омӯзиши малакаҳои мустақилият бештар ниёз доранд”.

Биёед, ба орзуи кӯдакон саҳмгузор бошем, онҳоро ҳамчун бемор назар накунем, дастгирӣ намоем, то ки онҳо дар ҷомеа ҳиссагузор бошанд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти

МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООрзуи кӯдакон
Scroll to Top