Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Паём - ояндасози миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 28 декабри соли 2023 баргузор гардид, барои мардуми кишвар саршор аз навиду хабарҳои фараҳбахш буд

Дар маҷлиси ҷамъбасти ҳисоботи соли 2023 бо иштироки кормандони фаъолони муассиса, Омири кулли МД МФТ ” Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳим Иброҳимов нуқтаҳои паёми навбатиро тарҳрезӣ намуд.

Аз паёми навбати бармеояд, ки сарфи назар аз вазъи номуътадили иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳон кишвари Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузошта, дурнамои ҳадафноки пешрафту нумӯ таъмин гардидааст.

Вусъати раванди корҳои ободониву созандагӣ, устувор нигоҳ доштани иқтисоди миллӣ, бештар шудани даромади пули аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз якуми январи соли 2024 ба 40 % афзоиш ёфтани музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз якуми июли соли 2024  30% баланд шудани ҳаҷми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва 40% зиёдшавии маоши вазифаи кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо, таъсис ёфтани Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то соли 2037 ба кишвари сабз табдил додани кишвари Тоҷикистон, таҳияи барномаи мушаххаси кабудизоркунии мамлакат то соли 2040, дар соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун” ва рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумлаи нуқтаҳои Паёми навбатии Сарвари давлат мебошад.

 Дар баробари ин Сарвари давлат бо назардошти таҷлил гардидани 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар қаламрави ҷумҳуриявиамон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Зеро, ки Конситутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст.

 Дар ҳақиқат, амалӣ намудани меъёрҳои Конситутсия имкон додааст, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити зиндагии арзанда муҳайё сохта шавад.

Албатта, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ сар карда аз фарзандони хурдсол, то калонсолон саҳмгузор бошем.

Воқеан дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармо бошад, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои мухталиф таъмин мешавад.

Қобили зикр ва моро зарур аст, ки барои насли имрӯзаи ҷомеа дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем, ки бо қонун зистан ва дар доираи қонун фаъолият бурдан ба меъёри зиндагии ҳар фарди ҷомеа таъсир хоҳад расонд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПаём - ояндасози миллат
Scroll to Top