Офтоба аз калимаи форсӣ гирифта шуда, маънояш зарфи физилӣ, сафолӣ буда, маъмулан обдаста ҳам мегӯянд.
Одатан мардумон, ҳамчун зарф барои шустушӯи дасту рӯй истифода мебаранд. Ғунҷоиши обдаста гуногун буда, даҳонаш хурд баъзеаш сарпӯшдор аст ва даставу ҷумак ҳам дорад.
Ҳунармандони мардумӣ дар замонҳои қадим онро аз мис, сафол, биринҷӣ, сониян аз чӯян месохтанд ва бо нақшҳои гуногун оро медоданд. Бояд қайд намуд, ки чунин намуди офтоба тааллуқ ба асри XIX дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, маҳфуз аст ва баҳри тамошобинон гузошта шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки офтоба вобаста ба намуд ва ороиш ба худ номҳои гуногун дорад. Ба монанди офтобаи гулдор, ҷаъфарӣ, товусобдаста ва ғ. номгузорӣ карда шудааст.
Дар замонҳои қадим ҳунармандони мардумӣ намунаҳои офтобаро сохта ба истифода доданд, ки то ба имрӯз ин намуди ҳунармандӣ моҳияти худро гум накардааст.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”