Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз паём то паём

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Имрӯз, аҳли  ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, дар толори муассиса, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намудем.

Бояд зикр намуд, ки паёми навбати дар суханронии сарвари давлат бо шарофати заҳматҳои мардуми кишвари Тоҷикистон, дар раванди созандагиву ободкорӣ бо маром идома бахшида истодааст, ки он нақша - чорабиниҳои барномаҳои пешбинишуда ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ амалӣ шуда истодаанд.

Чунончи ба ҳамагон маълум аст. дар панҷ соли сипаришуда таъсири манфии бархурдҳои геосиёсӣ, паҳншавии бемории сироятӣ ”Ковид-19”, пайомадҳои тағийрёбии иқлим ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардида буд. Сарфи назар, Сарвари давлат дар баромади хеш аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳонӣ аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди милли  кишвар  дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ намудани стратегияи барномаҳои мухталиф истодагарӣ намуданд. Бахусус, низоми ғайринақдии хизматрасонии бонкӣ, иҷро гардидани  барнома бо технологияи ҳозиразамон, ки барои рушди иқтисодиёт равона гардида аз байн бурдани коррупсия мусоидат мекунад.

Инчунин дар раванди рушди энергияи сабз истифода аз неруи барқ роҳандозӣ гардидааст, ки соли 2025 агрегати III-уми неругоҳи барқии “Роғун” ба истифода дода мешавад. Дигаре бошад, оид ба кабудизоркунии маҳалли зист, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атроф, шинонидани ниҳолу дарахтон барномаи мухталиф то соли 2040 амалӣ хоҳад шуд. Гузашта аз ин таъкид шуд , ки мо барои насли оянда мулки зебо мерос монем. Дигаре бошад, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин кушодани растаҳо дар бозору мағозаҳо ба роҳ монда шавад ва дар назди Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи бунёди ёдгориҳои таърихӣ сохтори агентии ҳифзи фарҳангию таърихӣ таъсис дода шавад.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидани кормандони илм, маориф, фарҳанг, иҷтимоӣ, стипендия аз 01. июли соли 2024 музди маош дар ҳаҷми 40% баланд мегардад. Бахшида ба ифтихори 30-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.

Албатта, мо аҳли кормандон, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил мекунанд,  кӯшиш мекунем, ки барномаҳои созандагиву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди фарҳангу таърих ва ободии кишвари азиз, паёми навбатиро таҳрезӣ намуда сари вақт баланд ба анҷом хоҳем расонд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз паём то паём
Scroll to Top