Дар доираи нақша-чорабинӣ, санаҳои 13-15 декабри соли 2023 дар факултаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода” курси кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ баргузор гардид.
Бо мақсади таъмин намудани мутахасисон-роҳбаладон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”, Нурмухаммедова Мавзуна ва Исоева Заррина иштирок варзиданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои амалисозии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, аз тарафи мутахассон- роҳбаладони дар варзидаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, муаррифии таъриху фарҳангӣ қадимаи ёдгориҳои тамаддуни халқи тоҷик бо забони давлатӣ сайри илмӣ гузаронида шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки савияи баланд бардоштани маҳорату дониш, ки ҷанбаҳои илмӣ, методӣ, фарҳангӣ ва низоми афзун намудани малакаи касбии роҳбаландиро фаро мегирад, шиносоӣ пайдо намуданд. Албатта, фаъолияти такмили ихтисос ҳамчун курс ё семинарро ташкил дод, ки бо усулҳои нав ба нав рӯ ба рӯ гардонид, ки барои пешравии рушди сифати хизматрасонӣ дар соҳаи таърих такони ҷиддие хоҳад расонд.
Дар фарҷоми ҷамъбасти курси кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ аз ҷониби Ректори донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор М. Низомӣ шаҳодатнома супорида шуд
Исоева Заррина - корманди Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нуъмон Негматов.