Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Саҳми тоҷикон дар рушди илмҳои дақиқ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Миллати тоҷик аз гузашта, то ба имрӯз ба илм ва таълиму тарбия эҳтироми махсус дошт ва дар тӯли таърихи хеш фарзандонеро ба дунё овард, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ ҳиссаи бузург гузоштааст.

Ин нуқтаро Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии худ бо зиёиён қайд намуданд, ки “Махсусан дар замони давлатдории Сомониён баробари адабиёту ҳунар, илмҳои табиатшиносӣ низ инкишоф ёфтааст ва осори олимони барҷастаи тоҷик дар асрҳои баъдӣ низ шӯҳрати ҷаҳонӣ доштаанд. Кашфиёту дастовардҳои илмии Муҳаммади Хоразмӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигарон дар фосилаи чандин аср аз тарафи олимони Аврупо ва дигар кишварҳои олам васеъ истифода шудаанд.

Дар толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд расми олимони машҳури фанни дақиқ ва табиатшиносӣ аз қабили Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигарон мебошад, ки фахри миллати моянд. Ҳамчунин, дар экспазитсияи намоишӣ нусхаи Кураи арз (замин), ки ихтироъкораш олим, мунаҷҷим, ҷуғрофишинос ва сайёҳ Ҳоҷиюсуф Мирфаёзов мебошад, ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.

Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ собит намудааст, ки тараққиёти кишвар, рушди табиатшиносӣ соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, техникаю техналогияи муосир, фарҳанги техникии шаҳрвандон бо инкишофи фанҳои дақиқ ва риёзӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад.                                                        

Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегии муҳими мамлакат қарор додаанд. Чуноне, ки Пешвои  миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи маориф санаи 18 марти соли равон таъкид доштанд, “Имрӯз бе илму инноватсия, техналогияҳои иттилоотиву каммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.”

Бинобар ин ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои васеъ намудани тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму  маориф” эълон гардид. Ин иқдоми хуб ва некбинонаи Сарвари давлат  аз тарафи зиёиён хуб пазируфта шуда, минбаъд барои рушди ин фанҳо аҳамияти хоса зоҳир мегардад.   Барои ҷалби наврасон ва ҷавонон аз тарафи Пешвои миллат озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва барои омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” эълон карда шуд.

Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва  васеъгардонии ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар толори намоишии  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд вобаста бо тақозои замон, таҷҳизоти сенсерӣ насб карда шудааст, ки  тамошобинон метавонанд аз он маводҳо ва ашёҳое, ки дар фонди Осорхона нигоҳ дошта мешаванд дидан намоянд.

Саидова Дилором – корманди шуъбаи таърих

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСаҳми тоҷикон дар рушди илмҳои дақиқ
Scroll to Top