Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАЗАРЕ БА ТАЪРИХ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Бо ҳидоят ва раҳнамоии Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ  ва тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили рӯзҳои таърихӣ- рӯзи 18. 05. 2016 90-солагии таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ботантана ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Аз ин лиҳоз дар Осорхонаи таърихии Муассисаи Давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҷамъомади якҷояи Шӯрои илмӣ ва Ҳайати тадорукот баргузор гардид. Ба ҳайати тадорукот олимону донишмандон ва собиқадорони осорхона аз қабили Марофиев С.Ш.  – бостоншинос, профессори ДДХ, ба номи академик Б.Ғафуров, Раҳимов Н. – доктори илмҳои таърих, Файзуллоев М. – номзади илмҳои таърих, Холҷӯраев Ҳ. – профессор, доктори илмҳои таърих, директории осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров,  Дадохӯҷаев Ф. – собиқадори меҳнат, Шарипов А., Неъматҷонова М. – собиқ кормандони осорхона шомиланд.

Дар ҷамъомад нақшаи ҷашни 90 – солагӣ ва нишонаи ҷашнӣ ба муҳокимаи ҳайат пешниҳод ва баррасӣ карда шуд. Олимону собиқадорон андешаҳояшонро перомуни дар сатҳи олӣ гузаронидани ин санаи муҳим акидахояшонро иброз намуданд. Марофиев С.Ш. чунин изҳор доштанд: «Дар ҷашни 90-солагии осорхона, ки дар таърихи фарҳангии Тоҷикистон аввалин осорхона мебошад, бояд ҳамаамон сарҷамъона корбарӣ намоем». Ҳайати тадорукоти ҷашнӣ ба хулосае омаданд, ки сешанбеи аввали ҳар моҳ ҷамъомад гузаронида  омодагиҳоро ба ҷашн натиҷагирӣ менамоянд.

Кормандони МД «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» барои дар сатҳи баланди таърихиву фарҳангӣ ҷашнгирии 90-солагии Осорхона камари ҳиммат баста, бо иродаи мустаҳкам фаъолият бурда истодаанд. Онҳо ният доранд то ҷашн толори намоишии «Намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ»-ро таъсис ва пешкаши бинандагон гардонанд.

Ҳамчунин осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомот, ки бо қарори Раиси шаҳр мӯҳтарам Р.Аҳмадзода аз 25 декабри соли 2015 №918  ба мувозинаи маҷмаа гузашт ва барои таъмиру созмон додани толори намоиши масъулон аллакай фаъолияти худро оғоз кардаанд.

Чи тавре ки омири осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Т.Бойматов дар мақолаи худ «Осорхона – оинаи таърихи шукухманди ниёгон» дар маҷаллаи «Осорхона» №1-3 соли 2014 қайд намудаанд: «Осорхонаи мо таърихи рангини таъсисёбии худро дорад. Дар раванди бунёди он як зумра шахсиятҳои наҷиб нақши намоён доранд. Азбаски дар шаҳри Хуҷанд дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX олимону адибони маъруф, амсоли Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов, Тошхоҷа Асирӣ, Яқубҷони Фаранг, Ҳоҷӣ Сиддиқхоҷаи тоҷири кутуб,  Мирсолеҳ Мирсаидбоев ва садҳо донишмандону маорифпарварон зиста, ҳамзамон ба шаҳру мамолики дигар сафарҳо доштанд, рӯҳияи эҳтироми осори моддиву маънавии пешиниён хеле боло гирифта буд.

Дар миёни ин бузургмардон марди закиву ҷаҳонгашта Мирзохоҷа Собиров, маъруф бо тахаллуси Ҳоҷӣ Антиқа (1857-1926) ба ҷамъовариву ҳифзи ёдгориҳои қадим завқу рағбати афзун дошт. Ӯ муддати тӯлонӣ дар шаҳрҳои Бокуву Тифлис, Қазону Тошканд, Бухорову Самарқанд, Қуқанду Андиҷон, Намангон ва Исфараю Конибодом сайру саёҳат карда, ба гирдоварии ёдгориҳои таърихӣ аз рӯи муҳаббат шуғл меварзад.

Вай дар заминаи ошноӣ бо олими маъруф М.С. Андреев ашёҳои таърихии ҷамъовардаашро нахуст дар шаҳри Тошканд маҳфуз дошта, онҳоро соли 1907 барои тошкандиён ба намоиш мегузорад.  Муҳаббату ихлос ба зодгоҳаш ӯро водор месозад, ки «ғаниматҳо»-и дар сафарҳо ғункардаашро ба зодгоҳи азизаш-Хуҷанд биёварад.

Ниҳоят соли 1909 Ҳоҷӣ Антиқа бо иҷозати сардори уезди Хуҷанд ашёҳои нодиру таърихии ҷамъовардаашро дар биное гузошта, ба мардум намоиш медиҳад. Ба ин тартиб, ин инсони асил ва маърифатпарвар солҳои зиёд махзани фароҳамовардаи хешро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамояд. Дар охири умри худ Мирзохоҷа Собиров тариқи хаттӣ васият менамояд, ки ёдгориҳои таърихии мансуб ба ӯ аз ин пас давлатӣ ҳисобида шаванд, зеро агар онҳо дар дасти одамон монанд, зуд аз байн хоҳанд рафт беҳтар он аст, ки ҳосили рӯзгори ӯ барои тавсеаи ҷаҳонбинии наслҳо ва эҳёи худогоҳиву худшиносии мардум хидмат намояд.

Кумитаи иҷроияи округи Хуҷанд чунин муроҷиати дурандешонаи Мирзохоҷа Собировро ба хушӣ қабул мекунад. Ҳамин гуна, соли 1926  асоси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гузошта мешавад». 

Ин нуқта дар суханронии Пешвои миллат Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи осорхонаи таърихии вилояти Суғд санаи 23 августи соли 2006 низ таъкид ёфтааст.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАЗАРЕ БА ТАЪРИХ
Scroll to Top