Таърих ва хусусиятҳои истеҳсоли маснуотҳои чинӣ аз кишвари Чин сарчашма мегирад.Тақрибан дар асрҳои VI-VII дар яке аз музофотҳо захираи бузурги сафедгил ( Каолин) ва “Санги чинӣ” кашф карда шуданд, ки ҳангоми омехта кардан маводи дастрас ва коркардашуда ба даст меоманд. Ин истиқлол дар замони худ коркардашудаи маводи кулолгарӣ ба ҳисоб мерафт.
Инчунин, гуфтан ба маврид аст, ки порсол,яке аз маводи қадимаи Чинӣ ба шумор меравад. Бо вуҷуди ин он дар саноати муосир аҳамияти худро гум накардааст. Он дар истеҳсоли ороишӣ, композитсияҳои ҳайкалӣ, сувенирҳо ва ҳатто лавозимоти дандонпизишкӣ истифода бурда мешавад. Порсол ин як зернавъи маводи сафолӣ мебошад, ки бо омехта ба монанди сафедгил, кварц, шпати даштӣ,устухони сӯхта ва навъҳои махсуси гил,ки бо омехтагӣ ба даст оварда мешуданд. Дар ҳарорати на кам аз 1400*с омехтаи сафед ва пластикӣ дар оташ мепазониданд. Маводи истеҳсолшуда об ва ҳаворо намегузаронад,баръакс аз қабати тунуки сафолӣ қодир аст, ки нур гузарад. Агар маҳсулоти аз чунин сафол сохташударо бо чӯби сабук занед, садои баланду равшан ба гӯш мерасад, ки то андозае ба садои задани шишаи булурин (Хрусталь) монанди дорад.
Аксари сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки Чин зодгоҳи сафол дониста шуда, устоҳои моҳир дар асрҳои VI-VIII-уми мелодӣ тарзи ба даст овардани чунин ашёи хомро омӯхтанд. Онҳо ба зудӣ фаҳмиданд, ки ин мавод то чӣ андоза беназир ва тасмим гирифтанд, ки формулаи ба даст овардани онро махфӣ нигоҳ доранд. Дигаре бошад, дар Чин аввалин усулҳои беназири ороишии маснуоти чинӣ низ ба вуҷуд омаданд. Масалан, дар ин кишвари машҳур”Чини биринҷӣ” пайдо шуд, ки ба донаҳои биринҷ монанди дошт. Дигаре бошад, маҳсулоти чинӣ дар асри IX ба Осиёи марказӣ ворид гардида, технология ва формулаи ин маводи нодир ба дасти устодони ҷопонӣ расидааст.
Дар кишвари Русия бошад, аввалин заводи истеҳсолкунандаи маводҳои сафолин дар асри XVIII пайдо шуданд. Дар он чизҳои рӯзгор ба монанди чойник, табақчаҳо ва дигар намуд истеҳсол мешуданд. Бо шарофати кӯшишҳои устоҳои моҳир дар солҳои 30-юми асри XX истеҳсоли чинӣ дар Русия барқарор гардиданд. Дар худи ҳамон солҳо он ба рангубор ва ороиши маснуоти сафолӣ тараққӣ ёфтааст. Инчунин, дар Аврупо сафоле истеҳсол карда мешуд, ки мисли шиша буд.
Бо гузашти айём ва пайдоиши маводҳои сафолӣ намунаи табақи чинӣ, ки соли 1906 дар фабрикаи ба номи Кузнецоваи кишвари Русия истеҳсол гардидааст, ки дар пойгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо қайди аломатии моликият (таҳти № КП 1257/9) баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Дигаре бошад,дар гирду атрофи табақи чинии сафед дубайтии забони узбекӣ бо навиштаҷоти арабӣ чунин навишта шудааст:
Ҷаҳонда узни ушал кимса бахтиёр айлар,
Табақ-табақ заррин аҳбобиға нисор айлар.
Саховату караму ҷуду марҳамат,эҳсон,
Кишини олӣ ҷавонмард номдор айлар.
Ё ба забони тоҷикӣ чунин аст:
Касе,ки бар дӯстон зар туҳфа бисёр кардааст,
Худашро дар баҳру бар бахтиёр кардааст.
Саховату караму ҷуду марҳамат,эҳсон,
Инсонро ҷавонмарду басе номдор кардааст.
Дигаре бошад, дар байни мисраъҳо ибораи ”Нону туз”, яъне “Нону намак” омадааст. Шояд гуфта шуда бошад, ки бо касе нону намак гардида бошӣ, иззату эҳтиромашро ба ҷо биёр.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз ин намуди сафол на танҳо зарфҳо, балки барои сохтани гулдонҳо,шамъдонҳо,ҳайкалчаҳои ороишӣ, композитсияҳои ҳайкалтарошӣ,чароғҳои мизи корӣ ва монанди онҳо истифода мешаванд.Табиист, ки соҳаи татбиқӣ сафолӣ, бахусус истеҳсоли зарфҳои табақӣ ва ороишӣ дар ҷаҳони муосир арзёбӣ гардида, сарфи назар аз арзиши баланд доштани маводҳои сафолӣ дар бозори ҷаҳони серхаридор ба шумор меравад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”