Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дилдодагони касби хеш

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Роҳбалад ин намуди хизматрасонӣ, ки аз ҷониби шахси малакаи дониши касбӣ дошта ва ё тахассуси дахлдор дар шакли раҳнамоӣ, маълумотсозӣ ва фаҳмонидаҳии тамошобин, меҳмонон ва сайёҳон нисбат ба объектҳои муайян ба амал меояд, маълумоти мухтасар медиҳад.

Бале, дар хазинаи экспонатҳои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматови Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, чанд адад ёдгориҳо ва намунаҳои ҳунару ашёҳои муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ аз тариқи харид, ҳадя ва  бозёфтҳои археологии қарнҳои гузаштаи илмӣ ворид гардиданд, баҳри тамошобинон гузошта  шудааст.  Албатта, дар осорхонаи таърихӣ, бостоншиносӣ,  Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ ва мақбараи рамзии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки  тамошобинон имкон доранд  ба воситаи роҳбалад сайри илмӣ, оид ба таърихи куҳану фарҳангӣ пурғановати халқи тоҷик, нигораҳои нотакрор ва навъи гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ошно гарданд. Дар асл, умуман бо тарзи зисту зиндагонии ҳаёти гузаштагон, анъана, урфу одат, қаҳрамониҳои фарзонаи фарзандони халқи тоҷик ва саҳми онҳо дар рушду равнақи соҳаҳои илму дониш, инчунин  дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тамошобин пешкаш ва  ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ ва шинос мегарданд. Барои маълумоти ғизои маънавӣ гирифтани тамошобин, албатта роҳбалади ботаҷриба бояд хизматрасон бошад . Бояд гуфт, ки шумораи теъдоди тамошобин дар осорхонаи таърихии вилояти Суғд, сол ба сол зиёд шуда истодааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки аз ҷониби роҳбаладон дар соли 2023  ба миқдори 846 маротиба сайри илмӣ ё ба 44675 тамошобин аз ин 13655 нафар ройгон  хизмат расонида шудааст. Инчунин  тамошобинони  сайёҳони хориҷӣ 3340 ва 1636 нафар аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим дидан намуданд.Хизматрасони  ва масъулияти роҳбалад  дар ин раванди сайри илмӣ басо бузург аст, ки дониш ва малакаи илмӣ талаб мекунад. Роҳбаладони осорхонаи таърихӣ бо забонҳои тоҷикӣ, узбекӣ, русӣ ва англисӣ озодона ҳарф мезананд. Аз байни роҳбаладон , Мирзоева Иноятхон муаллимаи забондони ботаҷриба собиқадори меҳнат, ки зиёда аз чил сол дар  осорхонаи таърихӣ фаъолият бурда истоданд, ки  намунаи ибратбахши ҷавонони навтаҷриба мебошанд. Роҳбаладон Тошматова Таҳмина,Юлдошева Умеда, Азимова Мадина ва инчунин роҳбаладони ҷавон  Мусоев Шакарбек, Тошматов Даврон, Холматов Азизбек ва Махсумов Шаҳром бо заҳмати хизматрасони сазовори  аҳсан гардиданд .

Бале, осорхонаи таърихӣ дар бораи ҳаёти паси пардаи гузаштаро бо манзараи аҷоиботи имрӯза пешкаши тамошобин мегардонад. Чунки роҳбалад маълумот, ахборот, нақлҳо, ривоятҳоро  ба бинанда бо забони шеваи ширину дилчасп бо тавассути ёдгориҳо аз таърихи ибтидоии давраҳои гузашта то ба имрӯз ошно мегардонад.

Ҳамзамон, мутахассисони Осорхонаи таърихии  вилояти  Суғд, нақшаи ороиши бадеии бинои нави осорхонаро таҳия намуда истодаанд, ки макони таърихию роҳату фароғат, сайру гашт ва бо суруру шодмони дар навиди неки имрӯз ва ба ояндаи кишвари азиз хизмат хоҳад кард.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДилдодагони касби хеш
Scroll to Top