Дар истилоҳи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, маънои зооморфология аз забони юнонӣ гирифта шуда, зоо-ҳайвон, морфология маънои шакл ва сохтро ифода мекунад. Дигаре бошад, зооморфизм ин атои одамон бо сифату хислатҳои ҳайвонот дар санъат додани шакли тасвирӣ бо хусусиятҳои ҳайвонот мебошад. Бояд гуфт, ки сафолҳои шакли зооморфӣ дар Осиёи Миёна дар асрҳои X-XI ниҳоят кам дарёфт шудаанд, вале аз материалҳои кофтукови маҳалҳои аҳолинишини Озарбойҷон ба монанди шаҳрҳои Байлакан, Шамкир, Шабран ва дигаре маълум аст, ки сафолҳои сирдор характери ҳамворӣ доранд, зарфҳои ба шакли сари ҳайвонот ва паранда рангубор шуда бо нақшу нигорӣ дарёфт гардидааст. Инчунин, як қатор намунаҳои зооморфии сафолҳои Қазоқистони Ҷанубӣ бо тасвири оҳу, кабӯтар, товус, шер, рӯбоҳ ба монанди онҳо инчунин дар Самарқанд бошад, намунаҳои кабӯтар, уқоб, мурғобӣ, буз, асп, моҳӣ ва ҳайвонҳои афсонавӣ бозёфт шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, бозёфти нодирҳои зарфи гилини обнӯшӣ, тааллуқ ба асрҳои XVIII-XIX бо навишаҷоти ҳарфи суғдии формаи зооморфии парандашакли ба мурғобӣ монанд, ки бо қайди аломатҳои моликият (таҳти №КВ-701,702) , баҳри тамошобинон гузошта шудаанд. Бояд зикр намуд, ки шакли зарфҳои зооморфӣ шубҳае намегузорад, ки онҳо барои нӯшокиҳо пешбинӣ шуда бошанд.
Албатта, он нигораҳои қадимае,ки дар осорхонаи таърихӣ баҳри тамошобинон гузошта шудаанд, арзиши нодири бебаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дошта, чун маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази
иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”