Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир...

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 07.12.2023 дар доираи ҳошияи сафари корӣ дар вилояти Суғд, бахусус дар шаҳри Хуҷанд, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-лейтенат Бактыбек Бекболотов  бо ҳамроҳи Вазири мудоифаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо, инчунин гуруҳи ҳайати намояндагии меҳмонони олиқадр бо ҳадафӣ дидорбинӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, зиёрати мақбараи рамзии Хоҷа-Камоли Хуҷандӣ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф фармуданд.

Дар толори осорхонаи таърихӣ меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам гуфт. Шоёни зикр аст, ки кишвари Ҷумҳурии Қирғизистон аз азал дӯсту бародар ва ҳаммарз, яке аз куҳантарин тамаддуни башарӣ дар тӯли таърих ба шумор меравад. Гуфтан ба маврид аст, ки равобити дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аҳаммияти тамаддунӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ дорад, ки барои ду кишвар уфуқӣ равшани мебахшад.

Сипас, роҳбалади дараҷаи олӣ осорхона Мирзоева Иноятхон гуруҳи меҳмонони олиқадрро сайри илмӣ гузаронида аз таърих ва анъанаҳои қадимаи ниёгони халқи тоҷик аз наздик шинос намуд. Меҳмонон баъди дидан намудан аз ёдгориҳои қадимаи осорхона  таассуроти хешро ба китоби мулоҳизоти “Меҳмонони фахрӣ” ёддошт намуданд.  Аз ҷумла, чунин омадааст:

“Халқе ки таърихи худро афзалтар медонад, сазовори ояндаи дурахшон дорад. Ба халқи бародари тоҷик сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам.”

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон генерал - лейтенант Б.Бекболотов

Сониян, аз боғи фарҳангию фароғатӣ гузашт намуда  аз мақбараи рамзии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо дуою фотеҳа зиёрат намуданд.

    Баъдан, аз Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ тарзи инъикоси ҳаёти асри гузаштаро пеши назар меорад, шиносоӣ бо ҳуҷраҳои тадриси илмомӯзӣ, бо дастхатҳо китобҳои нодири шоирони классикони форсу тоҷик, ҳуҷраи ҳунари дастии адрасбофӣ , ҳуҷраи захираи тарзи нигоҳ доштани ғизоҳо ва ҳуҷраи қадимаи қабули меҳмонон бо нигораҳои қадими ниёгон шинос шуданд.

Мусаллам аст, ки дар ин лаҳзаҳои шиносоӣ аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик ба худ таассуроти маънавӣ ба худ бардошт намуданд, ки ин боздиди гиромидошти таърихӣ байни ду кишвар такони тозае хоҳад бахшид.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДӯст ояд, гарм дар оғӯш гир...
Scroll to Top