Фасли зимистон айёми сардӣ буда, дар он растанӣ ва набототҳо аз ҷумла, гулу дарахтон муддате аз тароват боз мемонанд. Дигаре бошад, дарахтон аз хунукӣ намемиранд, балки то расидани фурсати сабзиш карахт мешаванд, чун фасли баҳор дарояд боз ба нашъунамо шурӯъ мекунад. Бояд гуфт, ки мавсими зимистон яке аз чор фасли сол мебошад, ки барф меборад ва табиат ҷомаи сафед мепӯшад. Албатта, фасли зимистон бо сардиаш ҳамаро ба ташвиш меоварад.
Ба ин хотир, оид ба гузаронидани мавсими фасли зимистон дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, нақша - чорабинии давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таҳия ва тасдиқ гардидааст. Дар асоси нақша- чорабини инчунин, ситоди “Зимистон 2023-2024” ташкил карда шудааст, ки шахсони масъул корбарӣ намуда истодаанд, минҷумла таъмин намудани фаъолияти босамари таҷҳизотҳои гармидиҳанда (кондисионерҳо), аз назар гузаронидани тамоми таҷҳизотҳои барқӣ, оид ба риояи техникаи бехатарӣ ва сарфакорона истифодабарии барқ ба роҳ монда шудааст. Бале, бояд ҳар яке дарк намоем, ки истифодаи нодуруст ва беҳудаи аз меъёр зиёд боиси рух додани садамаҳои ногаҳонӣ дар рӯзҳои сардии зимистон аз эҳтимол дур нест. Зикр намуд, ки мувофиқи нақша - чорабинӣ тамоми фаввораҳои Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ консерватсия карда шуда, муҳаррикҳои барқии зериобӣ бо равғанҳои махсуси зидди сардӣ молида, салафанпеч ва ҳифз карда шудаанд. Дигаре бошад, аз яхбандии сарди фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳавзи захиравии Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз об бо пуррагӣ холӣ карда шуд, ки аз манфиат холӣ нест. Инчунин, якчанд намуди аробаҳои дучарха дар ҳудуди маҷмаа барои намоиш гузошта, ки як навъи анъанавии воситаи нақлиёт барои боркашонӣ ва савории асрҳои XIX-XX таалуқ дорад, болопӯш карда шуданд.
Гузашта аз ин айни замон, шахсони масъул ва мутахассисони шуъбаи техникӣ мувофиқи нақша-чорабинӣ ба мушкилиҳои саривақтӣ нигоҳ накарда, корҳои профилактикиро идома дода истодаанд, ки зимистон дар мекӯбад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази
иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”