Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Уқоб

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Уқоб парандаи бузургҷусса нӯлсахти қавичангол ва баландпарвоз мебошад. Ӯ боли паҳну дароз дорад, ҳангоми кушода шудан то ба 2-2,4 м мерасад. Қадаш  як метр, вазнаш то 6 кг мешавад. Ҷинсҳои нарина ва модина бо ҳам ҳамранг мебошанд. Намуди чунин парандагон 9 намуд дошта аз ҳудуди бешатундра то биёбон ва кӯҳҳои Европа, Осиё, Африқо  ва  Америкаи Шимолӣ паҳн гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон бахусус, дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва доманакӯҳҳои Ҳисор вомехӯрад. Уқоб барои афзоиш ҷуфти доимӣ  ташкил мекунад ва як лонаро  солҳои зиёд истифода мебарад. Одатан уқоб лонаи худро дар болои қуллаҳои кӯҳ, баландиҳои дарахтон ва ғ. сохта аз як то се дона тухм мегузорад. Тухмро модина ва наринаш 40-45 шабонарӯз зер мекунанд, ки  чӯҷаҳояшон баъди 2-2,5 моҳ мустақилона парвоз мекардагӣ мешаванд.

Уқоб парандаи дарозумр буда, вақте ки синну солаш ба 40 мерасад, нохунҳои ҷанголи ӯ хеле дароз ва қат мешаванд, то он андозае, ки ӯ наметавонад тӯъмаашро шикор кунад. Уқоб асосан ҷонварони ширхӯри андозаашон гуногун, хояндагони мушмонанд ва баъзан лошаҳоро мехӯрад.

Мавриди зикр аст, ки муҷассамаи уқоби азимҷусса дар зери чанголи панҷаҳояш мори буғикардашуда,  дар болои танаи дарахт бо кушодани болҳои дарозу гарданбаланд, дар Боғи фарҳангию фароғатии Ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” гузошта шудааст, ки ҷолиби диққат мебошад. Гузашта аз ин парҳои синаи уқоб ва қанотҳояш бисёр бурида ва ғафс ҳастанд, ки ба парвоз кардан душворӣ мекашад. Чӣ тавре зикр гардид, минқораш шикаста нобуд намешавад, ӯ интизор мешавад, то он вақте ки минқори нав дубора барояд. Замоне ки минқори нав баромад, вай нохунҳои чанголи худро меканад. Вақте ки нохунҳои нави чанголаш мебароянд бо онҳо ӯ парҳои куҳна ва беҳад вазнини худро аз сина то қанотҳояш меканад. Ва он вақт баъди аз панҷ моҳи ранҷу азобу машаққати пурдард бо минқори чангол ва болу пари нав уқоб дубора эҳё мешавад. Ана, ҳамин озоди бори дигар имконият медиҳад, ки дар осмони софу беғубор озода ҷилвагар ва мавзун-мавзун қанот зада парвоз кунад. Ногуфта намонад, ки миқдори уқобҳо дар ҳама ҷойҳо кам шуда истоданд, ки гоҳ-гоҳ ба назар мерасад. Уқоб ҳамчун парандаи нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дошта ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОУқоб
Scroll to Top