Тасвирҳои рӯйи санг, ки барои дарк намудани тафаккури давраи қадим ва тасаввуроти нисбат ба муҳит кӯмак мерасонад. Бояд гуфт, ки дар бисёр ноҳияҳои Осиёи Миёна ва дар минтақаҳои кишвари Тоҷикистон ҳазорон ёдгориҳои тасвирҳои рӯйи санг кандашуда мавҷуданд, ки метавон ном бурд. Метавон гуфт, ки аз ҷумла дар қадди соҳили Зарафшон ва шохаҳои он дар силсила куҳҳои Қурама ва дигар маҳаллаҳо миқдори зиёди тасвирҳои рӯйи санг пайдо гардиданд. Аксарияти ин тасвирҳо ба даврони таърих ва қисман ба замони скифу сарматҳо (қабилаҳои кӯчманчӣ,ки дар асрҳои V-IV то мелод дар ноҳияи аз дарёи Тобол то Волга зиндагӣ мекарданд) тааллуқ доранд.
Аз ҳама ҷолибтарин тасвирҳои рӯйи санг қадимтарин сахраҳо (куҳпораҳо) офаридаи одамони асри сангин мебошанд. Онҳо чӣ аз ҷиҳати мавзуъ ва чӣ аз ҷиҳати тарзи офариниши худ аз чунин осори ҳунари давраҳои баъдин фарқ мекунанд. Дигаре бошад, тасвири савораҳо, корвон, муҳориба, ҳамлаи даррандагон ба рамаи чорвои хонагӣ ва ғайра дучор мешаванд. Ғайр аз ин диққати рассомони қадимро тасвир намудани ҳайвонотҳо ба монанди қӯтос, гург, буз ва монанди онҳо ба худ ҷалб намудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанд намуди тасвирҳои рӯйи санг кашидашуда ба монанди бузи куҳӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, ки тааллуқ ба давраи скифҳои(кӯчманчиҳо) муқимии ҳазораи 1 пеш аз мелод аз Даҳанаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд дарёфт гардидааст, баҳри тамошобинон гузошта шудааст. Манзараҳои чунин тасвирҳои рӯйи санг ҳамчун инъикоси эҷодиёти халқи мардум, асотир, идеология, ҳаёти маишӣ ва табъи бадеии халқҳои кайҳо аз байн рафта маълумоти бештар медиҳанд.
Тасвирҳои рӯйи санг гуфта метавон ин китоби нодир ба худ хоси сангин аст, ки намунаи эҷодиёти гаронбаҳоеро барои наслҳои оянда мерос хоҳад монд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”