Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, бо камоли эҳтиром тамоми мардуми шарифи азизи кишварамонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллӣ мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷиконро ифода менамояд.
Бигзор, Парчами давлатӣ дар фазои софу беғубори кишвари азизамон, ҳамеша пурафшон бимонад ва мардуми бонангу номусашро ба фардои неку дурахшон раҳнамоӣ намояд.
Бо самимияти беандоза тамоми мардуми сарбаланди кишвари Тоҷикистони азизро бо рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, бахту иқбол, сулҳу субот ва комёбиҳоро дар партави сояафкани саодатбахши Парчами давлатӣ таманно менамоем.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!