Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нишони пойдорӣ (ба истиқболи Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Парчам ифодагари фарҳангу таърихи ҳар як халқият ба шумор меравад ва аз азал  ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оштӣ парафшон мешавад. Тоҷикон дар тӯли таърихи хеш дирафшҳои гуногун доштанд. Парчам аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус ба ҳисоб меравад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд.

Парчам аз рӯи маълумоти асари безаволи “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ баъд аз он, ки Коваи оҳангар пешдомани чарминашро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза ба муқобили душман даъват намуд, расм гардид. Мардум дар зери ин парчам, ки бо номи “Дирафши Ковиён” машҳур аст, ҷамъ омаданд ва барои озодӣ, давлату давлатдорӣ мубориза бурданд.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб меёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлсияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, бори нахуст 24 ноябри соли 2009 – Рӯзи Парчам таҷлил карда шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик арзиш дорад.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои дунё Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшонӣ мекунад.

Имрӯз Парчами миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳанги мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Хоҷаева М - Мудири шуъбаи таърихи давраи муосир

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНишони пойдорӣ (ба истиқболи Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Scroll to Top