Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Парчам – рамзи истиқлол аст (ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Парчам рамзи истиқлоли ҳар як давлату миллат шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ тамоми шаҳрвандони кишварро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ месозад.

Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябр, ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии кишвар таҷлил карда мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки парчам, нишон ва суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб меёбад. Инчунин рангҳои парчами миллии кишвар роҳи тайкардаи таърихии халқи азизамон арзиши маданияти миллӣ ва сиёсати онро ифода мекунад. Бале, ранги сурх - рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - рамзи хушбахтӣ, орзую ормон ва умед, ранги сабз - рамзи гул-гулшукуфӣ, ифтихор ва абадиятро ифода мекунад. Дар мобайни байрақ тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шуда, он нишонаи решаҳои таърихии истиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон  барои ҳар як сокини кишварамон азиз мебошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он нишон диҳад. Зеро тавре, аз оинаи нилгун борҳо ва пайваста дидаем, ки дар мусобиқаҳои мухталифи ҷоми ҷаҳонӣ Парчами миллии ин ё он варзишгари ғолиб бо навохтани суруди миллии бо тантанаи махсус боло бардошта мешавад. Варзишгар аз дидани парчами кишвар ва шунидани садои суруди миллӣ бисёр хурсанд мегардад ва аз ғолибияти кишвари худ ашки шодӣ дар лаҳзаҳои беҳтарин мерезад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор мегирад. Бояд гуфт, ки парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишонаи шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт. Ин ибора ба ин маънӣ дар адабиёти гузаштагони мо корбурди фаровон дорад.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24 - ноябри соли  1992 дар Иҷлосияи XVI- Шӯрои олии Тоҷикистон қабул гардид.

Бигзор, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо дар фазои оромии кишвари маҳбубамон ҳамеша парафшонӣ намояд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоотӣ МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПарчам – рамзи истиқлол аст (ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ)
Scroll to Top