Дар асл, қаламча як қисми растаниро ифода мекунад, ки онро асосан барои афзоиш истифода мебаранд. Албатта, ниҳоли аз қаламча рӯида хусусияти ҳамон гулеро дорад, ки аз он қаламча гирифта мешавад. Аз ин рӯ, боғбонон бештар аз бех, навда ва барги растанӣ қаламчаҳоро дар боғдорӣ, парвариши гулҳои ороишӣ ва ғ. ба кор мебаранд.
Ба ин хотир барои парвариши гулҳои садбарг бо сарварии Шодибеков Абдусалом - омири Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, аз ҷониби боғбонон барои ороиши боғи истироҳатӣ, қаламчаҳои гулҳои рангоранги ороишии садбаргро зери гармхонаи сунъии бо селофан пӯшидашуда, зиёда аз 5000 адад ба замини нарм шинонида шуданд. Албатта, ҳангоми дар шароити муайян парваридани қаламчаҳо аз қаламчаи бех, муғча аз навда реша ва барг месабзад, Дар асл, гули садбарг - гули рангин, ки маъмулан пояш рости хордор ва баргҳои зиёд дорад, гули дурахшон, рангоранг, хушбӯй, гули такрорӣ, тобоварӣ ба фасли зимистон, осонбур ва барои бунёди боғи истироҳатӣ хело хос мебошад. Гуфтан ҷоиз аст, ки пешкаши тавсияи табибони халқӣ бӯйидани гули садбарги сафед ба майна ва дили инсон қувват мебахшидааст.
Умедворем, ки чунин иқдоми парвариши чунин гулҳои мавсимӣ имконият медиҳад, ки навъҳои гуногуни гулҳои рангоранг аз қаламчаҳо сабзида дар фасли баҳори нозанин боз бо рангу бӯйи муаттараш боғи фарҳангиро зеб хоҳад дод.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”