Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар заминаи соҳибистиқлолии кишвари  Тоҷикистон барои мардуми ҳунарманд имконият пайдо гардид, ки то анъана ва ҳунарҳои мардумии ниёгонамонро аз нав эҳё намуда, ҷаҳониёнро аз асолат ва фалсафаи қадимаи ҳунармандӣ воқиф гардонад.

Дирӯз ба ин хотир, ҷиҳати тақвият бахшидан ба арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи ниёгон бо ташаббуси бренди ҳунармандии MUNIR  ва Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии “Зарафшон” дар вилояти Суғд, бо ҳамкории Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи  фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, намоиш таҳти унвони “HUNAR - MARET” фурӯши  маҳсулоти ҳунармандӣ баргузор гардид.

Дар ташкили баргузории чорабинии мазкур дастаи ҳунармандони миллии  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Хуҷанд, Истаравшан,  Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Исфара саҳми босазое гузоштаанд. Дар ин намоиш маҳсули дастранҷи ҳунари ҳунармандони миллӣ омода гардида ба маърази тамошо гузошта шуданд. Тавре маълум гардид, ҳунарҳои чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ,  адрасбофӣ, кешбофӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, ҷавоҳирот, мӯҳрабофӣ, кандакорӣ, шонасозӣ, сӯзанидӯзӣ, рӯймолбофӣ, газворҳои бофтагӣ, зардевор ва амсоли онҳо хело рушд  ёфтааст. Мақсад ва ҳадафи баргузории чунин намоиш тарғиби анъанаҳои ҳунарҳои мардумӣ маҳсуб меёбад. Гуфтан ҷоиз аст, ки маҳсулотҳои  санъати ҳунармандон дар асоси тафаккури озоди ҳунарманд эҷод  ва баҳри файз бахшидан ба ҳунар нигаронида шудааст.

  Дар ҷараёни намоиши фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ меҳмонон ва тамошобинон аз маҳсулотҳои ҳунарии ҳунармандон  харидорӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки ҳунарҳои миллӣ бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич дорад. Дастони моҳири ҳунармандон дар давоми қарнҳои зиёд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекунанд, ки бо тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта истодааст. Албатта, омӯхтан ва эҳё намудани чунин ҳунарҳои мардумии ниёгон имконият медиҳад, ки то кадом андоза ба ҳаёти мо ворид шуданд. Қайд кардан  ба маврид аст, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ шавқи меҳмононро аз ҷиҳати ҳунармандии халқи тоҷик зиёд гардонид ва дар фарҷоми чорабини ба худ таассуроти зиёди хотирмон бардошт намуданд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод -  Маркази иттилооти

МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Scroll to Top