Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона- дарси хубест барои омӯхтан

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо мақсади шиносои аз таъриху тамаддуни ёдгориҳои қадимаи халқи тоҷик аз мактаби таҳсилоти умумии ба номи  НОУ “Дурахшандагон”-и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуро бо сарварии омӯзгорон Мирзоева Фотима ва Пендикова Татьяна, гуруҳи хонандагони болаёқат  аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки дар толори осорхонаи таърихӣ, барои хонандагони болаёқат,  аз ҷониби роҳбалад Мирзоева Иноятхон  сайри илмӣ гузаронида шуд. Хонандагон шиносоӣ аз толорҳои осорхонаи таърихӣ, санъати тасвирӣ, нигораҳои қадима, чун оинаи таърихи халқ, дар тавлиди  фарҳангдӯстӣ, тарбияи худогоҳиву хештаншиносӣ, баланд намудани ҳисси ифтихори миллӣ бо таъриху дирӯзу имрӯз пайванд мекунад, ошно гардиданд.

Қобили зикр аст, ки осорхона чун мактаби таълимӣ аст, ки ашёҳои таърихӣ “безабону беҳаракат” дар намоиш гузошта шудаанд, ки баъди дидан бедор намудани меҳру эҳтиром, гиромидошти ёдгориҳои таърихии ниёгон  писанди  хонандагон гардид. Наврасон  дар дунёи худ бо қаҳрамонони таърих ва афсонаҳои хаёлан дидан намуда, тақлид ва орзу карданд, ки чун сарлашкари ҷасур Темурмалик баҳри халқу Ватан хизмат намоянд.

Дар ин радиф мазмуни фаъолияти сайри илмӣ он аст, ки дар осорхона на танҳо ашёҳои таърихиро ҳифз ва намоиш диҳанд, балки тавонанд дар тарбияи ҳамаҷонибаи тамошобин, бахусус наврасон- ҷомеасозони оянда саҳмгузор бошанд.

 Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- маркази иттилооти

 МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона- дарси хубест барои омӯхтан
Scroll to Top