Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва нақши он дар таърихи навини тоҷикон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Иҷлосияи таърихии XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барои хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани хоҷагии харобгаштаи ҷумҳурӣ таҳкурсии устувор гузошт.

                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Ҳақиқати бебаҳс аст, ки халқи шарафманди тоҷик  дар тӯли мавҷудияти худ бар асари ҳодисаҳои сиёсию ичтимоӣ рӯзгори басо пуршебу фарози зиёдро пушти сар карда, бадхоҳон  ва нотавонбинони ин миллати фарзона сарзамини зебову чаманосои моро ба гирдоби фоҷиаҳо ғӯтавар намуданд. Миллати сарбаланди тоҷик тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдодӣ барканор монда бошанд ҳам, онро аз рӯи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкорову ниҳонгашта нигоҳ доштааст.

Вақте Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро эълон кард, ин волотарин ва пурарзиштарин дастоварди тоҷикон дар асри бистум буд. Вале, мутаасифона, дар ҷомеаи мо қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифтанд ва ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки хешро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ болотар гузоштанд ва Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.  Ин ҷанг ҷомеаи моро ба даҳсолаҳо ақиб партофт.

Бар асари ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ падарону бародарон қурбон гашта, қисме аз онҳо дар мамлакатҳои бегона паноҳ бурданд, заҳри ғарибӣ чашиданд, бисёр занону хоҳарон бешавҳар ва фарзандони онҳо ятиму бепарастор монданд.

Барои ба эътидол овардани вазъи баамаломада, дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки ниёзи ҷомеаи Тоҷикистон буд ва мебоист барои бақои миллат ва давлатамон таҳкурсии боэътимод гузошт. Иҷлосия аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфта, дар рафти он қарорҳои муҳим барои давлату миллат қабул гардиданд, ки ҳамаи он боиси ба ин рӯзи фирӯз расидан, мусоидат намуд.

Воқеан, Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олӣ дар он рӯзҳое баргузор гардид, ки дар Тоҷикистон беҳокимиятӣ ҳукмфармоии комил дошт. Фалаҷ шудани ҳокимият ва набудани маркази ягонаи идоракунӣ дар мамлакат, авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ, афзоиши ҷинояткорӣ, бурҳони амиқи сохторӣ, мавҷуд набудани қонуният ва  тартиботи ҳуқуқӣ метавонист, ба пора шудани давлат, ҷудоии мамлакат ва парешонии миллат оварда расонад. Аз ин рӯ, аҳамияти иҷлосия, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки вай дар замони фоҷиабори таърихи Ватан – дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдории  кишвар баргузор гардида, сарнавишти миллати тоҷик, давлатдории тоҷикон ва халқи Тоҷикистонро ба даст гирифт ва барои аз буҳрони  амиқи сиёсию иқтисодӣ ва ичтимоӣ берун овардани мамлакат, наҷот додани он аз фалокати миллӣ ва таҳкими пояҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа асос гузошт. Дар мамлакат ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид. Ба беҳбудии аҳволи ичтимоӣ ва иқтисодии мардум замина гузошт ва симои сиёсии давлатро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд.

Дар Иҷлосия ҳукумати нав таъсис ёфт ва минбаъд таҳти роҳбарии дурбинона ва хирадмандонаи сарвари давлат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанги дохилӣ хомӯш шуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор гардид, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбонии сарҳадӣ таъсис дода шуд, ҳамаи гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд.

Баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олӣ,  кишвари мо дар бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Парчам, Нишон ва Суруди миллии нав соҳиб гардид, ҳамчунин барои қабули Конститутсияи нав заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Дар ҳақиқат, Иҷлосияи XVI-ум барои миллати тоҷик иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахш ва қутбнамои миллат буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳал намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои хориҷӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Ҳоло Тоҷикистон бо 180 кишварҳои дунё робитаи дипломатӣ дошта, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи он бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ густариш ёфта истодааст.  

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли се масъалаи муҳими стратегии аср – баромадан аз бумбасти каммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро ба рӯзномаи сиёсати дохилии худ гузошта, марҳала ба марҳала дар иҷрои он муваффақ гардида истодааст.

Арҷгузорӣ ба Иҷлосияи таърихии XVI - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозёфти он, ки то ба имрӯз на танҳо барои саодати мардуми Тоҷикистон, балки барои саодати тамоми башарият хизматҳои бемислу монанд кардааст, рисолати мо тоҷикону тоҷикистониён аст. Вазифаи мост, ки ба қадри талошу заҳматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расему барои ояндаи босаодати давлату миллат шабонарӯзӣ талош намоем, барои асли оянда давлати боз ҳам ободу пешрафта ба мерос гузорем ва идомадиҳандаи кору пайкори ин абарманди дунёи сиёсат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Миллати тамаддунофари тоҷик, ки 31 сол боз аз шаҳди Иҷлосияи тақдирсоз ком ширин менамояду 31 сол аст, ки болои сараш хуршеди сулҳу сафо нурафшонӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ фирефтаи ҳадафҳои нопоки душманон нахоҳад гардид.

Имрӯз дар саросари кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҷлили бошукӯҳи Ҷашни 35 солагии Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон омодагиҳои бузург ҷараён дорад. Дар саросари кишварамон шумораи зиёди иншооти таъиноти гуногун бунёд ва ба истифода дода шуданд, ки симои кишварамонрокуллан тағйир додаву шароити зистро барои ҳар сокини он беҳтару хубтар намуданд.Мардум хуб дарк намуданд, ки Иҷлосияи таърихӣ ва Истиқлолият ду дастоварди беназир дар зиндагиашон ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, мо ҷавонон бо ифтихору шукргузорӣ аз сулҳу салоҳ ва сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаву одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор ҷашн гирифтани 31 солагии Иҷлосияи XVI - Шурои Олии бо дилу нияти нек ва бо умеди фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон кушиш менамоем.

Саидова Дилором - Корманди илмии шуъбаи таърих

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва нақши он дар таърихи навини тоҷикон
Scroll to Top