Таърихи кӯҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд.
Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад.
Гарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст.
Муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатдорӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.
Дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон хидматҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Агар хидматҳои Пешвои миллатро ба забон оварем тамом ношуданист. Якчанд хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро дар зер меоварем.
-хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз;
-таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;
-тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;
-таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум;
-ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ ва ғ.
Дар арсаи байналмилалӣ низ Пешвои миллат ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд..
Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Бо рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизам ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоем.
Исҳоқӣ Ф – Сармуҳофизи фонди
Осорхонаи вилояти Суғд