Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мо аз рӯзҳои аввали пуштибонии мардуми азизамонро аз роҳи интихобкардаамон, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии ватани азизамон буд, эҳсос намудем.

                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрези гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд.

Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват менамояд.

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон фазоӣ нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

Беҳуда нест, ки дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро гирифтанд.

Дар ҳақиқат тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизаш сарф намуд, ки имрзӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд.  

Бахшида ба ин ҷашни бузург дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсози миллат” баргузор гардид.

Дар конфронс Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд,  Дилрабо Қурбонова – мудири шуъбаи кор бо занони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Ҷӯрабек Исомитдинов – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шӯҳрат Саидзода – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Сафарали Эркаев – дотсент, номзади илмҳои таърихи МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Комилов Абдуғафур – ҳифзи меҳнати иттифоқи касабаи коркунони фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва иттилоот, донишҷӯёни МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров - факултети таърих ва ҳуқуқ, донишҷӯёни ДДҲБСТ факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва намояндагони муассисаҳои зертобеъи раёсати Фарҳанги вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони “МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Баъди анҷоми конференсия ба 5 нафар кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба ташкилоти ибтидоии “Қалъаи Хуҷанд” шомил шуданд, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба 31 – солагии баргузрии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсози миллат” ташкил карда шуд.

Нодира Олимова - ҷонишини омир

оид ба корҳои илмӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Scroll to Top