Аз азал, ба ҳамагон маълум аст, ки меҳмонро бояд азиз дошт. Чунки вақти пурқиммати худро барои дидан сарф мекунад. Дар асл мегӯянд, “Шунидан кай бувад ,монанди дидан”. Меҳмоннавози ва қабул кардан яке аз мафҳумҳои асосии фарҳангу расму оини ҷомеъаи миллати тоҷик ба шумор меравад.
Бо мақсади дидан намудан аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, чун меҳмони фахрӣ дар ҳошияи сафарӣ корӣ ба шаҳри Хуҷанд, Стоянов Ивайло -директори генералии шабакаи тақсимоти барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Булғористон бо ҳайати гурӯҳ ташриф фармуданд.
Зимни мулоқоти самимонаи меҳмоннавози хайру мақдам ва таманноҳои нек гуфта шуд. Сипас, роҳбалади осорхонаи таърихӣ Мусоев Шакарбек ба меҳмонон сайри илмӣ гузаронида аз таъриху фарҳангӣ қадимаи халқи тоҷик бо маълумотҳои мухтасар ошно намуд.
Дар ифтитоҳ аз дидор ва шиносоӣ пайдо намудан аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, меҳмонон аз тарзи ҳаёти қадимаи асри гузашта, эҳтиром аз дидани макони муқаддаси таъриху фарҳангӣ ниёгони халқи тоҷик, ки ба қобилияти зеҳни инсон таъсир мебахшад, ба худ тасаввуроти хотирмон бардошт намуданд.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - мутахассиси маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”