Дар истилоҳи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, соат аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънояш асбоб барои паймоиши вақт дар тӯли як шабонарӯз, вақтсанҷ, лаҳза ва муддат ифода ёфтааст. Таҷҳизоте мебошад, ки бо тавассути он мардум вақтро чен мекунанд. Намуди соатҳо ба монанди дастӣ, деворӣ, обӣ, электронӣ, офтобӣ, регӣ, зангӯладор, маноравӣ, рӯимизӣ, сониясанҷ, шоҳмотбозӣ, хронометрӣ, астрономӣ ва ғ мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки тамоми зиндагии мо аз ҳодисаҳои лаҳзаҳои гуворо яке паси дигар рух медиҳанд, ки бо вақт иборат мебошанд. Пас, вақт мафҳумест, ки дар шуури мо дар вақти мушоҳидаи ҳаракат пайдо шуда, бо равиши яксамтаи худ тавсиф меёбад. Аз давраҳои қадим, то имрӯз барои инсон зарурати муайян кардани вақт пайдо шуд, ки асбобҳои ибтидоӣ ва нодурустии вақтро бо офтоб, қум, об истифода мебурданд. Аввалин соатҳои оддӣ асо буд, ки ба замин халонида дар майдони ҳамвор бо аломатҳои ишоракунанда, ҳангоми тулӯи ғуруби офтоб соя дарозтар аз субҳ то нисфирӯзӣ кӯтоҳ ва аз нисфирӯзӣ то шом соя дарозтар мешавад. Дере нагузашта маълум шуд, ки чӯби оддие, ки ба замин халонидашуда барои аниқ муайян кардани вақт чандон қулай нест.
Бояд зикр намуд, ки маҳфуми “соат” дар консепсияи муосир дар Юнони қадим пайдо шудааст, маҳз юнониҳо аввалин бор ба 12 қисм тақсим кардани рӯзро пешниҳод кардаанд. Дар Миср рӯзро ба 24 соат тақсим карда ба 12 давраи моҳӣ ҷудо намуданд, ки ин система дар ҷаҳони муосир стандарт ҳисобида мешавад. Агар ба таърихӣ гузашта назар афканем, дар нимаи асри XV дар расадхонаи Самарқанд соати офтобии баландиаш тақрибан 50-метраро сохта буданд. Дар ҳазорсолаи 2 ва 1 то мелод дар Ҳиндустон, Миср, Хитой ва Юнони қадим дар баробари соатҳои офтобӣ, соатҳои обӣ низ сохта мешуданд, ки онҳо вақтро ҳам рӯзу ҳам шаб нишон медоданд. Инчунин соатҳои механикии оддӣ соли 1335 дар Милан сохта шуда буд. Дар Россия нахустин соати бурҷиро дар Кремли шаҳри Москва роҳиб Лазарь Сорбин соли 1404 сохтааст.
Агар ба таърихи гузаштаи Хуҷандшаҳр назар афканем, дар даромадгоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд” соати маноравӣ фаъолият мебурд. Бале, соати шаҳр ё соати маноравӣ ҳам мегуфтанд, ки дар болои девори “Қалъаи Хуҷанд”, баҳори соли 1938 аз ҷониби соатсоз ва суратгир Павел Василевич Курдюков шинонида шуда будааст. Падари Курдюков, ки сокини кишвари Курск буд, ҳамин соатро аз як савдогар харидорӣ мекунад. Роҳбарони ҳамон давраи шаҳри Ленинобод ( ҳозира Хуҷанд ) қарор доданд, ки дар ҷойи намоёни шаҳр дар қалъаи кӯҳна соатро гузоранд. Барои монтаж ва шинонидани соат муҳандиси бинокор А. Белоногов манораи даҳметра сохта ба истифода медиҳад, ки дар сохтмони мазкур ва гузоштани соати шаҳрӣ устоҳои маҳаллӣ иштирок намуданд. Инчунин бо гузашти айём барои аз нав барқарор намудани урдагоҳи таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соли 2004 бо ҷалби мутаххасисон соатро кӯчонида ба мавзеи Регистони бозори “Панҷшанбе” дар шафати кунҷи бинои болоии мағозаи савдои “Абдулазиз” насб намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар давоми мавҷудияти худ соати шаҳрӣ аз тарафи мутахассисон борҳо таъмиру азнавсози шудааст. Муҳимаш он аст, ки беш аз 85 сол мешавад, ки хуҷандиҳо соатҳои худро аз ҷониби ин соат месанҷанд.Ёдовар шуд, ки гузашта аз ин соли 2021 баъди ба анҷом расонидани таъмиру тармим намудани бинои Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, барои зеб бахшидани манзараи ҷолиб дар паҳлӯи фаввораи калон аз ҷониби ширкати ҶДММ КИ “Само”, дар рӯ ба рӯи Боғи фароғатию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ, соати маноравии на он қадар баланд шинонида шуд, ки ба сифати муайян намудани лаҳзаҳои вақт барои мардум хизмат намуда истодааст, ки айни муддаост.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тамоми соатҳои механикӣ зоҳиран тағйир ёфта бошанд, аммо сохти даруниашон қариб дигаргун нашудааст. Бале, фалак дар гардиш аст, чархакҳои соат шабу рӯз байни ҳамдигар тела хӯрда- тела хӯрда дар фосилаи хурди вақт давр мезананд, ки садои хуши форами соат ба гӯш мерасад: тиқ-тақ, тиқ-тақ...., гуфтани бошад, ки қимати вақт арзиш надорад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”