Санаи 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар нимаи рӯз дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд, маросими кушодашавии мусобиқа оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки мусобиқаи мазкур бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳукумати давлатии вилояти Суғд, ташкил гардида то санаи 10 ноябри соли равон идома хоҳад ёфт.
Бояд зикр намуд ,ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус дар вилояти Суғд, аз замони шуравӣ то ин замон варзишгарони болаёқату номдор ба воя расиданд.Бо шарофати дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд тарбияи ҷисмонӣ ва тамоми намудҳои варзиш пайваста рушд меёбад. Аз он ҷумла, намуди варзиши бокс дар вилоят, яке аз маъмултарин варзиш ба ҳисоб меравад, ки мухлисони он рӯз ба рӯз аз сафи ҷавонону наврасон зиёд шуда истоданд. Имрӯз метавон бо ифтихор номи варзишгарони вилоят оид ба бокс, Ҷаҳон Қурбонов, Абдусалом Ҳасанов, Абдураҳим Ёқубов ва даҳҳо дигаронро ба забон овард, ки шарафи варзиши тоҷикро дар миқёси байналмиллалӣ дар варзишгоҳҳои ҷаҳон парчами кишвари Тоҷикистонро парафшон гардонидаанд.
Дар мусобиқаи варзиши кушоди вилоят оид ба бокс беш аз 50 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои дӯсту бародари Узбекистон, Қазоқистон, Белорусия, Қирғизистон, Федератсияи Русия иштирок доранд.
Ба ин хотир аз кишвари Федератсия Русия чемпионҳои номдори ҷаҳон оид ба бокс Денис Лебедев ва Руслан Проводников ба ин чорабинии мазкур ҳамчун меҳмонони фахрӣ иштирок варзиданд.
Дар бахши фарҳангӣ меҳмонони фаҳрӣ, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд. Нахуст, омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов меҳмононро бо самимияти дӯстона хайру мақдам гуфт. Сипас, меҳмононро аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, роҳбалади дараҷаи олӣ Мирзоева Иноятхон сайри илмӣ аз мероси тамаддуни халқи тоҷик ва таъриху фарҳангӣ ниёгон ошно намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки баъдан меҳмонон таассуроти хешро ба китоби мулоҳизоти “Меҳмонони фахрӣ” соядаст намуданд, аз ҷумла гуфта шудааст:
Ташаккури бепоён!!! Ба ҳамагон зиндагии ором. Руслан Проводников. Чемпиони ҷаҳон оид ба бокс.
Арзу сипос менамоям ба чунин сайри илмӣ. Бовари ба эътимод ва нигоҳдории ёдгориҳои қадима халқи тоҷик.Аз ҳама муҳим ташаккур мегӯям , ки ба насли оянда маводҳои нодири таърихиро мегузоред.
Ташаккур. Бо эҳтиром, Лебедев Д.А.
Мусаллам аст, ки рӯзҳои мусобиқаи варзиши дар кишвари Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Хуҷанд, яке аз гиромидошти ваҳдату дӯстии байни кишварҳо такони тоза хоҳад бахшид.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод- мутахассиси маркази иттилоотии
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”