Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми мардуми шарифи кишвари азизамонро ба муносибати ҷашни 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самимӣ қалб табрику шодбош мегӯем.
Таманнои онро дорем, ки дар фазои осмони софи кишвари маҳбубамон кабӯтари сулҳ ҳамеша пар занад, пешравиҳои нав ба нав ба вуқуъ пайвандад, қонунияту адолат ҷовидона боқӣ бимонад ва Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар ноил гардад.
Ҳамеша саломату сарбаланд ва муваффақу хушбахт бошед.
Ҷашни фирӯз муборак !