Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Кошикорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Кошикорӣ - яке аз навъҳои ҳунари ороиши мардумӣ ба шумор меравад. Кошӣ аз гилмоя ва дигар пайвасткунандаҳои ғайриорганикии омехташуда омода мешавад. Асосан кошикориро барои рӯйкаш намудани деворҳои дохили биноҳо, пештоқҳо ва фаршҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Санъати кошикорӣ сатҳро аз таъсири муҳит нигоҳ медорад, ҳусн ва зиннат мебахшад, нағз тоза мешавад ва аз ҷиҳати гигенӣ хуб мебошад.

Кошикорӣ нахуст дар Миср ва Бобул пайдо шуда, дар асри IX ба Аврупо роҳ ёфтааст. Сипас, дар Осиёи Миёна  асрҳои XI-XII паҳн мегардад. Дар ин давра кошиҳоро дар шакли хиштчаҳои одии сирдор барои рӯкаш кардани баъзе лавҳаҳои рангаву нақшин тайёр карда, барои кошикорҳои биноҳои муҳташам истифода мебурданд. Аз нимаи дуюми асри XIV сафоли нақшини рӯяш сирдор маъмул буд, ки ба деворҳои ҳамвор, гунбазу меҳробҳо ва амсоли инҳо оро дода мешуданд. Кошиҳоро дар шакли ситораҳои шашгӯша, ҳашткунҷа, кунҷӣ, росткунҷа ва дигар шаклҳо рехта дар болои гаҷ мечинанд.

Барои чунин тарзи истифода бурдани кошиҳо, устоҳои кошикории маҳаллӣ барои эҳёи  азнавсозии “Қалъаи Хуҷанд” дар самти ёдгориҳои таърихӣ мусоидат мекунад, фаъолият бурда истодаанд. Аҳли илму фарҳанг ин иқдому эҳё намудан ва нигоҳдории ҳунари кошикориро муҳим арзёбӣ намуданд. Устоҳои кошикор барои мустаҳкам шудани гилмоя мӯй, намакхок ва дигар моддаҳои минералиро ҳамроҳ мекунанд.  Гилмояи тайёршударо ба қолибҳои махсус мерезанд. Сипас, онро дар печҳои махсуси ҳарораташ баланд мепазонанд. Баъдан ба рӯйи порчаҳои сафол сир медавонанд. Одатан кошиҳои сирдорро 2-3 маротиба мепазанд. Кошиҳо дар шакли хиштчаҳо, лавҳаҳои рангаву нақшин тайёр намуда барои кошҳои биноҳои боҳашамати “Қалъаи Хуҷанд”, пештоқҳои  хонаҳои қадим, дохили биноҳо, гумбазҳо, гурҷҳо, меҳробу шарафаҳо ва сутунҳо истифода мебаранд.

Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар девори толори давраи таърихӣ, намоиши омезиши “Эллинизм” бо мақсади инъикоси омезиши тамаддуни таърих ва фарҳангӣ Шарқу Ғарб дар композитсияҳои хеле ҷолиб, ки ба ҳар тасвир, зиёда аз 1500 дона сангчаҳои рангини мармари маҳалии қимматбаҳои ранги тобишаш табии дошта насб шудааст. Албатта, гуфтан ба маврид аст, ки аз ҷониби устоҳо ва ҳунармандони маҳаллӣ тасвири воқеаҳои таърихии тамаддуни санъати давраи Сомониён бо як маҳорати баланди  кошикорӣ (мозайка) эҷод карда шудааст.

Ин дурдонаҳои  эҷодкорӣ далолат бар он мекунанд, ки ба кор гирифтани санъати тасвири кошикорӣ аз манфиат холӣ нест. Кошиҳо ба ёдгориҳои меъморӣ зиннат бахшида, бо ҷилову ҳашамати хос таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттиллоти

МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКошикорӣ
Scroll to Top